Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора,
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора, Сарам дар раҳни теғи обдора. Надорам ихтиёре аз чӣ ҷӯшаш, Дили му тоби ин савдо надора.
Саҳаргоҳон фиғони булбулона,
Саҳаргоҳон фиғони булбулона, Ба ёди рӯи пурнури гулона. Зи оҳи му, фалак, охир ҳазар кун, Асар дар нолаи сӯтадилона.
Ба дунё мисли му дилсӯтае на,
Ба дунё мисли му дилсӯтае на, Ба дарди сӯз ғамандӯтае на. Чунон бандам раҳи сели ду дида, Ки ин захми дилам лавсӯтае на.
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора,
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора, Фалак бар гарданам занҷир дора. Фалак, аз гарданам занҷир бардор, Ки ғурбат хоки домангир дора.
Ба дунё му навинам ком бе та,
Ба дунё му навинам ком бе та, Ба дас ҳаргиз нагирам ҷом бе та. Биларзам рӯзу шав чун беди Маҷнун, Надорам як нафас ором бе та.
Муро, эй дилбари му, бо та кора,
Муро, эй дилбари му, бо та кора, В-агарна дар ҷаҳон бисёр ёра. Куҷо парвои чун му сӯта дирӣ, Чу му булбул ба гулзорат ҳазора.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан,
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан, Шарар з-он шӯълаам бар устухон зан. Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ, Бар он оташ дилам парвонасон зан.
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам,
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам, Хаёлат мӯниси шабҳои торам. Худо дуна, ки дар дунёи фонӣ Ба ғайр аз ишқи та коре надорам.
Ман ун мискини беқадру бар астам,
Ман ун мискини беқадру бар астам, Ман ун сӯзанда шамъи бесар астам. На кори охират, на кори дунё, Ман ун хушкида нахли бебар астам.
Фалак, барҳам задӣ охир асосам,
Фалак, барҳам задӣ охир асосам, Задӣ бар хумраи нилӣ либосам. Агар дорӣ барот аз қасди ҷонам, Бикан охир аз ин дунё асосам.
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам,
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам, Ҳазорон мулки уқбо гар бидорам. Бура, та дилбарам, то бо та вожам, Ки бе рӯи ту онро гар бидорам.
Ғами олам ҳама кардӣ ба борам,
Ғами олам ҳама кардӣ ба борам, Магар му луки масти сарқаторам. Маҳорам кардию додӣ ба нокас, Фузудӣ ҳар замон боре ба борам.
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам,
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам, Во му пур бад макан, ки дардмандам. Ба як гардиш, ки мегардӣ, бибинӣ, Чу ришта му ба сомонат бибандам.
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам,
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам, Ба ҳар гардиш занад оташ ба ҷонам. Як умре бигзаронам бо ғаму дард, Ба коми дил нагардад осмонам.
Ба шав маҳви рухи маҳпора ҳастам,
Ба шав маҳви рухи маҳпора ҳастам, Ба рӯз аз дарду ғам бечора ҳастам. Ту дорӣ дар макони худ қароре, Муям, ки дар ҷаҳон овора ҳастам.
Аз он ангуштнамои рӯзгорам,
Аз он ангуштнамои рӯзгорам, Ки дур афтода аз ёру диёрам. Назунам қасди ҷон кардам ба ноҳақ, Ба ҷуз бар сар задан чора надорам.
Бура, як дам бинолему бисӯҷем,
Бура, як дам бинолему бисӯҷем, Аз он рӯе, ки ҳар ду тирарӯҷем. Та, булбул, ҳошалиллаҳ мисли мунӣ, Набу ҷуз дарду ғам як умр рӯҷем.
Ба оҳе гунбади хазро бисӯҷам,
Ба оҳе гунбади хазро бисӯҷам, Фалакро ҷумла сар то по бисӯҷам. Бисӯҷам, ар на корамро бисоҷӣ, Чӣ фармоӣ: Бисоҷӣ ё бисӯҷам?
Дилам дур асту аҳволаш назунам,
Дилам дур асту аҳволаш назунам, Касе хоҳад, ки пайғомаш расунам. Худовандо, зи маргам мӯҳлате деҳ, Ки дидоре ба дидораш расунам.
Дилам зору ҳазина, чун нанолам,
Дилам зору ҳазина, чун нанолам, Вуҷудам оташина, чун нанолам? Ба му воҷан, ки чуну чанд нолӣ, Чу маргам дар камина, чун нанолам?
Фалак на ҳамсаре дорад, на ҳамкуф,
Фалак на ҳамсаре дорад, на ҳамкуф, Ба хунрезе касе асло нагуфт «уф». Ҳамеша шеваву кораш ҳамина, Чароғи дудмонеро кунад пуф.
Фалак, зору низорам кардӣ охир,
Фалак, зору низорам кардӣ охир, Ҷудо аз гулъизорам кардӣ охир. Миёни тахтаи нардам нишондӣ, Шашу панҷе ба корам кардӣ охир.
Алолай кӯҳсоронам таӣ, ёр,
Алолай кӯҳсоронам таӣ, ёр, Бунафшай ҷӯканоронам таӣ, ёр. Алолай кӯҳсорон ҳафтае бӣ, Умеди рӯзгоронам таӣ, ёр.
Макун коре, ки бар по сангат ояд,
Макун коре, ки бар по сангат ояд, Ҷаҳон бо ин фарохӣ тангат ояд. Чу фардо номахоҳун нома хоҳанд, Туро аз нома хондан нангат ояд.