Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам,
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам, Дил барнаканам зи дӯст, то ҷон надиҳам. Аз дӯст, ки ёдгор дарде дорам, Он дард ба сад ҳазор дармон надиҳам.
Ишқи ту зи хосу ом пинҳон чӣ кунам?
Ишқи ту зи хосу ом пинҳон чӣ кунам? Дарде ки зи ҳад гузашт, дармон чӣ кунам? Хоҳам, ки дилам ба дигаре майл кунад, Ман хоҳаму дил нахоҳад, эй ҷон, чӣ кунам?
Бо дарди ту андешаи дармон накунам,
Бо дарди ту андешаи дармон накунам, Бо зулфи ту орзуи имон накунам. Ҷоно, ту агар ҷон талабӣ, хуш бошад, Андешаи ҷон барои имон накунам.
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам,
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам, Роҳи сари кӯи дилситон баргирам. Чун парда миёни ману дилдор манам, Бархезаму худро зи миён баргирам.
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам,
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам, Дузд аст ғамат, ҷон ба саломат набарам. Бардор ниқоб аз руху бинмой ҷамол, То ҳасрати он рух ба қиёмат набарам.
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам,
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам, Имон ба ту оламофарин медорам. Дорам лаби хушку дидаи тар, бипазир, К-аз хушку тари ҷаҳон ҳамин медорам.
З-омезиши ҷону тан туӣ мақсудам,
З-омезиши ҷону тан туӣ мақсудам, В-аз мурдану зистан туӣ мақсудам. Ту дер бизӣ, ки ман бирафтам зи миён, Гар «ман» гӯям, зи «ман» туӣ мақсудам.
Андар талаби ёр чу мардона шудам,
Андар талаби ёр чу мардона шудам, Аввалқадам аз вуҷуд бегона шудам. Ӯ илм намешунид, лаб бар бастам, Ӯ ақл намехарид, девона шудам.
Ҷоно, ману ту намунаи паргорем,
Ҷоно, ману ту намунаи паргорем, Сар гарчи ду кардаем, як тан дорем. Бар нуқта равонем кунун чун паргор, Дар охири кор сар ба ҳам боз орем.
Гар ман гунаҳи ҷумла ҷаҳон кардастам,
Гар ман гунаҳи ҷумла ҷаҳон кардастам, Афви ту умед аст, ки гирад дастам. Гуфтӣ, ки ба рӯзи аҷз дастат гирам, Оҷизтар аз ин махоҳ, к-акнун ҳастам.
Ранҷураму дар дил аз ту дорам сад ғам,
Ранҷураму дар дил аз ту дорам сад ғам, Бе лаъли лабат ҳарифи дардам ҳама дам. З-ин умр малулам мани мискини ғариб, Хоҳад шавад оромгаҳам кӯи адам.
Бо аҳли замона ошноӣ мушкил,
Бо аҳли замона ошноӣ мушкил, Бо чархи куҳан ситезароӣ мушкил. Аз ҷону ҷаҳон қатъ намудан осон, Дар ҳам задани дил ба ҷудоӣ мушкил.
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил,
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил, Дар роҳи бало фитна маяндӯз, эй дил. Акнун ки шудӣ ошиқу бадрӯз, эй дил, Тан дардиҳу ҷон кану ҷигар сӯз, эй дил.
Шайдои туро рӯҳи муқаддас манзил,
Шайдои туро рӯҳи муқаддас манзил, Савдои туро ақли муҷаррад маҳмил. Сайёҳи ҷаҳони маърифат, яъне дил Дар баҳри ғамат даст ба сар, пой ба гил.
Дар ишқи ту, эй дилбари пуркинаву ҷанг,
Дар ишқи ту, эй дилбари пуркинаву ҷанг, Гаштем саропои ҷаҳон бо дили танг. Шуд даст зи кору монд по аз рафтор, Ин баски ба сар задему он баски ба санг.
Дил ҷои ту шуд, вагарна пурхун кунамаш,
Дил ҷои ту шуд, вагарна пурхун кунамаш, Дар дида туӣ, вагарна Ҷайҳун кунамаш. Уммеди висоли туст ҷонро, в-арна Аз тан ба ҳазор ҳила берун кунамаш.
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб, ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас.
Дар дил дардест аз ту пинҳон, ки мапурс,
Дар дил дардест аз ту пинҳон, ки мапурс, Танг омада чандон дилам аз ҷон, ки мапурс. Бо ин ҳама ҳолу дар чунин танг диле Ҷо карда муҳаббати ту чандон, ки мапурс.
Наврӯз шуду ҷаҳон баровард нафас,
Наврӯз шуду ҷаҳон баровард нафас, Ҳосил зи баҳори умр моро ғаму бас. Аз қофилаи баҳор н-омад овоз, То лола ба боғ сарнигун сохт ҷарас.
Дил хаставу ҷон фигору мижгон хунрез,
Дил хаставу ҷон фигору мижгон хунрез, Рафтам бари он ёру маҳи меҳрангез. Ман ҷой накарда гарм, гардун ба ситез Зад бонг, ки: Ҳон, чанд нишинӣ, бархез!
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз,
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз, Ҷон ҷуз сухани ишқ нагӯяд ҳаргиз. Саҳрои дилам ишқи ту шӯристон кард, То меҳри касе дар он нарӯяд ҳаргиз.
Ҳар луқма, ки бар хони авон аст, махӯр,
Ҳар луқма, ки бар хони авон аст, махӯр, Гар нафси туро роҳати ҷон аст, махӯр. Гар нафси туро асал намояд ба масал, Он хуни дили пирзанон аст, махӯр.
Хуршед чу бар фалак занад рахти нур,
Хуршед чу бар фалак занад рахти нур, Дар партави он хира шавад дида зи дур. В-он дам, ки кунад зи пардаи абр зуҳур. Фаннозиру яҷталиҳи мин ғайри қусур.
Лаззоти ҷаҳон чашида бошӣ ҳама умр,
Лаззоти ҷаҳон чашида бошӣ ҳама умр, Бо ёри худ орамида бошӣ ҳама умр. Ҳам охири умр реҳлатат бояд кард, Хобе бошад, ки дида бошӣ ҳама умр.
Бо ёри мувофиқ ошноӣ хуштар,
Бо ёри мувофиқ ошноӣ хуштар, В-аз ҳамдами бевафо ҷудоӣ хуштар. Чун салтанати замона бигзоштанист, Пайванд ба мулки бенавоӣ хуштар.