Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сармаст даромад аз харобот
Сармаст даромад аз харобот, Бо ақли хароб дар муноҷот. Бар хок фиканда хирқаи зуҳд, В-оташ зада бар либоси томот.
Моро ҳама шаб намебарад хоб
Моро ҳама шаб намебарад хоб, Эй хуфтаи рӯзгор, дарёб! Дар бодия ташнагон бимурданд, В-аз Даҷла ба Кӯфа меравад об.
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо
Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо, Бехештанам кардӣ бӯи гулу райҳонҳо. Гаҳ наъра задӣ булбул, гаҳ ҷома даридӣ гул, Бо ёди ту афтодам, аз ёд бирафт онҳо.
Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро
Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро, В-ин диловезию дилбандӣ набошад мӯйро. Рӯй агар пинҳон кунад сангиндили симинбадан, Мушк ғаммоз аст, натвонад ниҳуфтан бӯй
Тафовуте накунад қадри подшоеро
Тафовуте накунад қадри подшоеро, Ки илтифот кунад камтарин гадоеро. Ба ҷони дӯст, ки душман бад-ин ризо надиҳад, Ки дар ба рӯй бибанданд ошноеро.
Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро?
Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро? Тоқати ваъз набошад сари савдоиро. Обро қавли ту бо оташ агар ҷамъ кунад, Натавонад, ки кунад ишқу шикебоиро.
Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро
Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро, Ёқут чӣ арзад? Бидеҳ он қути равонро. Аввал падари пир хурад ратли дамодам, То муддаъиён ҳеч нагӯянд ҷавонро.
Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро?
Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро? Чӣ кунад гӯй, ки оҷиз нашавад чавгонро? Сарвболои камонабрӯ агар тир занад, Ошиқ он аст, ки бар дида ниҳад пайконро.
Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро
Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро, То қиёмат шукр гӯям кирдгори хешро. Ёри борафтодаро дар корвон бигзоштанд, Бевафо ёрон, ки барбастанд бори хешро.
Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт
Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт, Чашм надорад халос, ҳар кӣ дар ин дом рафт. Ёди ту мерафту мо ошиқу бедил будем, Парда барандохтӣ, кор ба итмом рафт.
Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро
Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро, Бурқаъ фурӯ ҳилад ба ҷамол офтобро. Гӯӣ ду чашми ҷодуи обидфиреби ӯ Бар чашми ман ба сеҳр бибастанд хобро.
Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро
Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад, Сустаҳде ки таҳаммул накунад бо
Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо
Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо, Ки шаб дароз бувад хобгоҳи танҳоро. Зи даст рафтани девона оқилон донанд, Ки эҳтимол намондаст ношикеборо.
Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро
Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро, Фароғат аз ту муяссар намешавад моро. Туро дар оина дидан ҷамоли талъати хеш Баён кунад, ки чӣ будаст ношикеборо.
Эй нафаси хуррами боди сабо
Эй нафаси хуррами боди сабо, Аз бари ёр омадаӣ, марҳабо! Қофилаи шаб, чӣ шунидӣ зи субҳ? Мурғи Сулаймон, чӣ хабар аз Сабо?