Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро?

Лоуболӣ чӣ кунад дафтари доноиро? Тоқати ваъз набошад сари савдоиро. Обро қавли ту бо оташ агар ҷамъ кунад, Натавонад, ки кунад ишқу шикебоиро. Дидаро фоида он аст, ки дилбар бинад, В-ар набинад, чӣ бувад фоида биноиро? Ошиқонро чӣ ғам аз сарзаниши душману дӯст? Ё ғами дӯст хурад, ё ғами расвоиро. Ҳама донанд, ки ман сабзаи хат дорам дӯст, На чу дигар ҳаявон сабзаи саҳроиро. Ман ҳамон рӯз дилу сабр ба яғмо додам, Ки муқайяд шудам он дилбари яғмоиро. Сарв бигзор, ки қаддею қиёме дорад, Гӯ, бибин омадану рафтану раъноиро. Гар биронӣ, наравад, в-ар биравад, боз ояд, Ногузир аст магас даккаи ҳалвоиро. Бар ҳадиси ману ҳусни ту наяфзояд кас, Ҳад ҳамин аст сухандонию зебоиро. Саъдиё, навбатӣ имшаб дуҳули субҳ накӯфт, Ё магар рӯз набошад шаби танҳоиро?!