Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2756

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1844

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1563

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1465

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1282

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1115

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1097

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 907

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 879

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 852

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 836

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 833

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 795

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 779

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 734

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 722

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 710

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 705

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 700

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 695

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 693

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 684

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 659

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 649

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 622

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Соле, ки рух Осафӣ ба ҳафтод ниҳод

👁 28

Соле, ки рух Осафӣ ба ҳафтод ниҳод Ҳафтод тамом карду аз пой фитод Шуд дар ҳафтоду мисраи таърихаш Паймуд роҳи бақоъ бо гоми ҳафтод.

К
Камолиддин Осафӣ

Ҳеч кас бар бахши мо шомил нашуд

👁 30

Ҳеч кас бар бахши мо шомил нашуд, Ҷони моро ҷуз ба мо қотил нашуд. Нотавонбин мезанад "шӯхикунон", Гоҳ хар одам шуду ҳозил нашуд.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ман духтари сӯхам

👁 35

Дар боғи падар себи намангонӣ буд, Ишқи ману ӯ аз ҳама пинҳонӣ буд. Бенуқс будам чун аз ниҳоли навбар, Аз ёр ба ман муҳаббат арзонӣ буд.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Чун нигора хоки ҷаддам моли музехона шуд

👁 29

Чун нигора хоки ҷаддам моли музейхона шуд, "Ганҷи морон" ифтихори миллати бегона шуд. Фарқи байни Ғазнию Ғазнов пайдояш накард, Рустамовар модарам бо Ғазнавӣ ҳа

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Бар димоғам субҳи содиқ бӯйи ҷононам расид

👁 37

Бар димоғам субҳи содиқ бӯйи ҷононам расид, Накҳати сарву суман аз кӯйи ёронам расид. Ҷуръае аз Чашмаву оби зулоли Обишир, Як кафе оби ҳаёт аз ҷӯйи Ровонам раси

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Барои дарди дил дору биёред

👁 31

Барои дарди дил дору биёред, Хабар аз боғи зардолу биёред. Хабар аз боғи зардолу набошад, Кафи хоке зи роҳи ӯ биёред.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Кабӯтар бо кабӯтар, зоғ бо зоғ

👁 25

Кабӯтар бо кабӯтар, зоғ бо зоғ, Вале зоғе ҳамегӯяд, ки ман доғ. Намедонад забони кафтаронро, Намерад боғи зоғонаш аз ин роғ.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

На боз астам, на зоғ астам, кабӯтар

👁 15

На боз астам, на зоғ астам, кабӯтар, Ки мурғи дил ба сӯят мезанад пар. Кабӯтархона баҳри кафтарон аст, Зи боғи мо садои зоғ: қар-қар...

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Чароғи хонаро парвона бояд

👁 27

Чароғи хонаро парвона бояд, Кабӯтарро кабӯтархона бояд. Кабӯтар пар ба сӯйи мо наафшонд, Кабӯтарбаччаҳоро дона бояд.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ҳабибам дил ба Кафтархона дорад

👁 29

Ҳабибам дил ба Кафтархона дорад, Кабӯтарбаччаҳо дар лона дорад. Худоё, ҷоми ҷонашро нигаҳ дор, Ки ӯ бо ҷуфти худ паймона дорад.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ку авҷи паркашии кафтари ман?

👁 27

Ку авҷи паркашии кафтари ман? Нашуд девон, куҷо шуд дафтари ман? Нахонад пар-параш боди сабоҳӣ, Ки паркандаш адуи сафдари ман.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Туро тамкин ба дил, сабру қаноат

👁 20

Туро тамкин ба дил, сабру қаноат, Маро шӯридану дард аст қисмат. Туро шояд хаёлу ёди мо нест, Муҳаббат пайгири ман то қиёмат.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Туро ҷону туро ҷононае ҳаст

👁 34

Туро ҷону туро ҷононае ҳаст, Маро ишқу маю паймонае ҳаст. Туро тахте зи он Санги набишта, Ба сарсонӣ маро ғамхонае ҳаст.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ба ёди чашмҳоят Чашма рафтам

👁 38

Ба ёди чашмҳоят Чашма рафтам, Муҳаббатташна будам, ташна рафтам. Ба ранги дидаат чашме надидам, Нахӯрда ҷуръае, баргашта рафтам.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Канорат гир ёри қиссагӯят

👁 30

Канорат гир ёри қиссагӯят, Ҳикоятҳо ба сабки тозагӯят. Агар соданавису зол мебуд, Ба маснад мерасид ин содахӯят.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Маро кам не, маро ҷамъ кун, диёрам

👁 31

Маро кам не, маро ҷамъ кун, диёрам, Маро қисмат макун, зам кун ҳазорам, Муҳаббатномаам чандин карат хон, Шукуфон ғунчаи лабҳо, ки хорам.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ману қисса, ману шеъру тарона

👁 29

Ману қисса, ману шеъру тарона, Маро гуфту шунуфти ошиқона. Туву ҷамъу туву тарҳу сад арқом, Маро ишқи ту раҳбар ҷовидона.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ҷавониву ману Ҳойити сангин

👁 23

Ҷавониву ману Ҳойити сангин, Ба ёдам мерасад айёми рангин. Бидида оламу одам бигуфтам, Ки Ҳойит баҳри ман чун Тахти сангин.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ману ёру ба дасти ман китобе

👁 32

Ману ёру ба дасти ман китобе, Китобе чӣ, дили мо дар чӣ тобе! Баҳона ину он аз баҳри дидор, Пайомад сӯчаки хонахаробе.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ману ӯву ба дасти ман китобе

👁 27

Ману ӯву ба дасти ман китобе, Ба нозу ишва мекардам итобе. Ба дил хоҳони васлаш будаму лек Ба зоҳир менамудам ман шитобе.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Сарафрозии ман иззи Бароз аст

👁 29

Сарафрозии ман иззи Бароз аст, Бимирам ман ба оғӯше, ки боз аст. Агар шуд рафтанам бебозгаштан, Бароям номи ту ҳарфи ниёз аст.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Чӣ роз асту чӣ роз асту чӣ роз аст?

👁 30

Чӣ роз асту чӣ роз асту чӣ роз аст? Гули марям ба ноз асту ба ноз аст. Сари бозор тоҷирро гузоред, Ки дил савдоии роҳи Бароз аст.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ба ёди ман лаби ҷӯбори Ровон

👁 36

Ба ёди ман лаби ҷӯбори Ровон, Ки нам-нам менамуд аз дида найсон. Ту панҷа мезадӣ бар панҷаки* ман, Ба хобам медаройӣ ту ҳамон сон.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ҳабиби ман, ҳабиби дигаронӣ

👁 36

Ҳабиби ман, ҳабиби дигаронӣ, Зи ман рафта, насиби дигаронӣ. Ба хобам медаройӣ, меҳрубонӣ, Ба соне ки рақиби дигаронӣ.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ману ёди ҷавонию ҷавонӣ

👁 43

Ману ёди ҷавонию ҷавонӣ, Ба ёди ман ҳамонию ҳамонӣ. Манам гулзодаву озодапайкар, Ту дар авҷи хурӯшиву дамонӣ.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ
Саҳифаи 412 аз 1003