Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ҳеч кас бар бахши мо шомил нашуд

Ҳеч кас бар бахши мо шомил нашуд, Ҷони моро ҷуз ба мо қотил нашуд. Нотавонбин мезанад "шӯхикунон", Гоҳ хар одам шуду ҳозил нашуд. Фарқ мекун дӯстро аз душманат, Қобиле чун ёри ноқобил нашуд. Шеъри ман то шеъри боназме шавад, Хӯрдам хуни дилам, комил нашуд. Хостам бо ритми қалбам баркашам, Хома - саркаш, орзу ҳосил нашуд. Чашми ошиқ кӯр гӯянд аҳли фазл, Мисли ман ошиқ ягон фозил нашуд. Хостори ишқи Ҳаққам, алғараз, Фозиле ҳампойи ин ҷоҳил нашуд. Ашки ман як қатра аз тӯфони Ишқ, Пас магӯ: "Марям ба Ӯ восил нашуд."