Ман духтари сӯхам
Дар боғи падар себи намангонӣ буд,
Ишқи ману ӯ аз ҳама пинҳонӣ буд.
Бенуқс будам чун аз ниҳоли навбар,
Аз ёр ба ман муҳаббат арзонӣ буд.
Ман реша давонам ба сари роҳи Сӯх,
Чун себи намангонию ноки Ворух.
Ширин бикунад аз самарам комашро,
Дар синаи худ ҷо диҳадам сӯхии шӯх.
Аз риштаи ҷон тор танидам ба умед,
Чапчирға задам*, ки номи он “баргаки бед” .
Ман бехабару роҳи ҳаётам будаст
Чун “баргаки бед”-и сияҳу ним сафед.
Чапчирға задам: нақшаи “чашми булбул”,
Ҳам шона задам ба даста-даста сунбул.
Ин сунбули ман ба ноз парварда бувад,
Булбул ба куҷо нола кунад аз бари гул?
Рӯмолаки хушдӯзи шаҳӣ гирдаш тӯр,
Ин кафтари боми мо ба зоғон шуд ҷӯр.
Фарсуда бишуд ҷиҳоз дар буғчаи мом,
Чун оҳари он рехт зи дида ҳама нур.
Зардолуи боғи модарам испарак аст,
Чашмам ба раҳи додараки бедарак аст.
Бар додари ман хабар диҳед аз ҳолам,
Тарсам, ки ҳаёти мондаам камтарак аст.
Зардолуи боғи модарам песа шуда?
Бӯяш ба димоғу дил бараш реза шуда.
Э кош, Худо, зи байн сарҳад бибарӣ,
Парвоз кунад ба Сӯх ин кабки дарӣ.
Як даста фирист аз он ҳамели мағзат,
Марҷони гулу бикун ба ёри нағзат.
Дил гум зада бар аштаку бар қандаки Сӯх,