Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2738

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1830

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1452

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1273

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 842

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 822

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 784

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 757

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 732

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 684

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 683

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 683

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 680

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 678

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 653

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 638

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 595

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт

👁 25

Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт, Чизе нахариду зар бияндохт!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ парҳезу илму зуҳд фурӯхт

👁 20

Ҳар кӣ парҳезу илму зуҳд фурӯхт, Хирмане гирд карду пок бисӯхт!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Илм чандон ки бештар хонӣ

👁 61

Илм чандон ки бештар хонӣ Чун амал дар ту нест, нодонӣ! На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое бар ӯ китобе чанд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шукри Худой кун, ки муваффақ шудӣ ба хайр

👁 17

Шукри Худой кун, ки муваффақ шудӣ ба хайр, З-инъому фазли Ӯ на муъаттал гузоштат! Миннат манеҳ, ки хидмати Султон кунӣ ҳаме, Миннат шинос аз Ӯ, ки ба хидмат бид

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дарахти карам ҳар куҷо бех кард

👁 11

Дарахти карам ҳар куҷо бех кард, Гузашт аз фалак шоху болои ӯ! Гар уммедворӣ, к-аз ӯ бар хурӣ, Ба миннат манеҳ арра бар пойи ӯ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндӯхт

👁 15

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндӯхт, Сар оқибат андар сари динору дирам кард! Хоҳӣ, ки муматтаъ шавӣ аз дунйиву уқбӣ, Бо халқ карам кун, чу Худо бо ту кара

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Макун намоз бар он ҳичкас, ки ҳич накард

👁 21

Макун намоз бар он ҳичкас, ки ҳич накард, Ки умр дар сари таҳсили мол карду нах(вард!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш

👁 22

Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш, Ки тирабахтӣ, агар ҳам бар ин насақ мурдӣ! Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст, Бихӯр, бибахш, ки дунёву охират бурд

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бар ғуломе, ки тавъи хидмати туст

👁 25

Бар ғуломе, ки тавъи хидмати туст, Хашми беҳад марону тайра магир, Ки фазиҳат бувад ба Рӯзи Шумор. Банда озоду хоҷа дар занҷир!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бар банда магир хашм бисёр

👁 12

Бар банда магир хашм бисёр, Ҷавраш макуну дилаш маёзор! Ӯро ту ба даҳ дирам харидӣ, Охир на ба қудрат офаридӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ваҳ, ки ҳар гаҳ, ки сабза дар бустон

👁 11

Ваҳ, ки ҳар гаҳ, ки сабза дар бустон Бидамидӣ, чӣ хуш шудӣ дили ман! Бигзар, эй дӯст, то ба вақти баҳор Сабза бинӣ дамида бар гили ман!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магӯй

👁 27

То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магӯй, В-он чӣ донӣ, ки на некуш ҷавоб аст, магӯй!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Аз ман бигӯй ҳоҷии мардумгазойро

👁 21

Аз ман бигӯй ҳоҷии мардумгазойро, К-ӯ пӯстини халқ ба озор медарад. Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к Бечора хор мехураду бор мебарад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷавонмардию лутф аст одамийят

👁 31

Ҷавонмардию лутф аст одамийят, Ҳамин нақши ҳаюлонӣ мапиндор! Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард, Ба айвонҳо дар аз шангарфу зангор!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба сурат одамӣ шуд қатраи об

👁 23

Ба сурат одамӣ шуд қатраи об, Ки чил рӯзаш қарор андар раҳим монд. В-агар чилсоларо ақлу адаб нест, Ба таҳқиқаш нашояд одамӣ хонд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Занони бордор, эй марди ҳушёр

👁 21

Занони бордор, эй марди ҳушёр, Агар вақти вилодат мор зоянд. Аз он беҳтар ба наздики хирадманд, Ки фарзандони ноҳамвор зоянд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Писареро падар васийят кард

👁 23

Писареро падар васийят кард, К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд. Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад, Нашавад дӯстрӯю давлатманд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд

👁 22

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд, Ӯ на аз кирми пила номӣ шуд! Бо азизе нишаст рӯзе чанд, Лоҷарам, ҳамчун ӯ гиромӣ шуд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Фаромушат накард Эзид дар он ҳол

👁 21

Фаромушат накард Эзид дар он ҳол, Ки будӣ нутфаи мадфуну мадҳуш. Равонат доду табъу ақлу идрок, Ҷамолу нутқу рою фикрату ҳуш.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гарчи симу зар зи санг ояд ҳаме

👁 35

Гарчи симу зар зи санг ояд ҳаме, Дар ҳама санге набошад зарру сим! Бар ҳама олам ҳаметобад Суҳайл, Ҷое анбон мекунад, ҷое адим!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳарифи сифла дар поёни мастӣ

👁 30

Ҳарифи сифла дар поёни мастӣ, Наяндешад зи рӯзи тангдастӣ! Дарахт андар баҳорон бар фишонад, Зимистон, лоҷарам, бебарг монад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигӯй

👁 31

Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигӯй, Ҳар чӣ донӣ зи некхоҳию панд! Зуд бошад, ки хирасар бинӣ Ба ду пой уфтода андар банд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Худованди кому некбахтӣ

👁 27

Худованди кому некбахтӣ, Чиро сахтӣ хуранд аз бими сахтӣ?! Бирав, шодӣ кун, эй ёри дилафрӯз, Ғами фардо нашояд хӯрд имрӯз!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун

👁 39

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун, Ки мегӯянд маллоҳон суруде: «‎Агар борон ба кӯҳистон наборад, Ба соле Даҷла гардад хушкруде!»‎

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

‎Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар!

👁 113

Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод. Бар сари лавҳи ӯ набишта ба зар: «‎Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар!»‎

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 364 аз 1003