Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Фаромушат накард Эзид дар он ҳол

Фаромушат накард Эзид дар он ҳол, Ки будӣ нутфаи мадфуну мадҳуш. Равонат доду табъу ақлу идрок, Ҷамолу нутқу рою фикрату ҳуш. Даҳ ангуштат мураттаб кард бар каф, Ду бозуят мураккаб сохт бар дӯш! Кунун пиндорӣ, эй ночизҳиммат, Ки хоҳад карданат рӯзӣ фаромуш?!