Бар банда магир хашм бисёр
Бар банда магир хашм бисёр,
Ҷавраш макуну дилаш маёзор!
Ӯро ту ба даҳ дирам харидӣ,
Охир на ба қудрат офаридӣ!
Ин ҳукму ғуруру хашм то чанд?!
Ҳаст аз ту бузургтар Худованд!
Эй хоҷаи Арсалону Оғӯш,
Фармондеҳи худ макун фаромуш!