Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Рӯдаи танг ба як нони тиҳӣ пур гардад
Рӯдаи танг ба як нони тиҳӣ пур гардад, Неъмати рӯйи замин пур накунад дидаи танг!
Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд
Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд, Чунонки ханда гирифт аз ҳадиси эшонам. Ба тайра гуфт мусалмон: «Гар ин қаболаи ман, Дуруст нест, Худоё, яҳуд миронам!»
Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш
Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш Ба таҳсини нодону пиндори хеш!
Ало, то нашнавӣ мадҳи сухангӯй
Ало, то нашнавӣ мадҳи сухангӯй, Ки андак моя нафъе аз ту дорад! Ки гар рӯзе муродаш барнаёрӣ, Дусад чандон уюбат баршуморад!
Басичи сухан гуфтан он гоҳ кун
Басичи сухан гуфтан он гоҳ кун, Ки донӣ, ки дар кор гирад сухун!
Булбуло, муждаи баҳор биёр
Булбуло, муждаи баҳор биёр, Хабари бад ба бум бозгузор!
Бирав, бо дӯстон осуда биншин
Бирав, бо дӯстон осуда биншин, Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг. В-агар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд, Камонро зиҳ куну бар бора бар санг!
Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхӯй
Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхӯй, Зи дасти хӯйи бади хеш дар бало бошад!
Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде
Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде, Гуфтам: «Маро ба тарбият аз ҷаҳл пок кун!» Гуфто: «Бирав, чу хок таҳаммул кун, ай фақеҳ, Ё ҳар чӣ хондаӣ, ҳама дар зери
Нашояд Банӣ Одами хокзод
Нашояд Банӣ Одами хокзод, Ки дар сар кунанд кибру тундию бод! Туро бо чунин гармию саркашӣ, Напиндорам аз хокӣ, аз оташӣ!
Бар сари мулк мабод он малики фармондеҳ
Бар сари мулк мабод он малики фармондеҳ, Ки Худоро набувад бандаи фармонбурдор!
Шубоне бо падар гуфт: «Ай хирадманд…»
Шубоне бо падар гуфт: «Ай хирадманд, Маро таълим деҳ пирона як панд!» Бигуфто: «Некмардӣ кун на чандон, Ки гардад хира гурги тездандон!»
Дуруштию нармӣ ба ҳам дар беҳ аст
Дуруштию нармӣ ба ҳам дар беҳ аст, Чу фосид, ки ҷарроҳу марҳамнеҳ аст! Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш, На сустӣ, ки ноқис кунад қадри хеш!
Ҳазар кун з-он чӣ душман гӯяд: «Он кун!»
Ҳазар кун з-он чӣ душман гӯяд: «Он кун!», Ки бар зону занӣ дасти тағобун. Гарат роҳе намояд рост чун тир, Аз ӯ баргарду роҳи дасти чап гир!
Писандида аст бахшоиш, валекин
Писандида аст бахшоиш, валекин Манеҳ бар реши халқозор марҳам. Надонист он, ки раҳмат кард бар мор, Ки он зулм аст бар фарзанди Одам!
Бо мардуми саҳлхӯй душх(в)ор магӯй
Бо мардуми саҳлхӯй душх(в)ор магӯй, Бо он ки дари сулҳ занад, ҷанг маҷӯй!
Бишуй, эй хирадманд, аз он дӯст даст
Бишуй, эй хирадманд, аз он дӯст даст, Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст!
Кунанд ину он хуш дигарбора дил
Кунанд ину он хуш дигарбора дил, Вай андар миён кӯрбахту хаҷил! Миёни ду тан оташ афрӯхтан На ақл асту худ дар миён сӯхтан!
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!
Имрӯз бикуш, чу метавон кушт
Имрӯз бикуш, чу метавон кушт, К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт! Магзор, ки зеҳ кунад камонро, Душман, ки ба тир метавон дӯхт!
Сухане дар ниҳон набояд гуфт
Сухане дар ниҳон набояд гуфт, Ки бари анҷуман нашояд гуфт!
Хомушӣ беҳ, ки замири дили хеш
Хомушӣ беҳ, ки замири дили хеш Бо касе гуфтану гуфтан, ки магӯй! Эй салим, об зи сарчашма бибанд, Ки чу пур шуд, натавон бастани ҷуй!
Маъшуқи ҳазордӯстро дил надиҳӣ
Маъшуқи ҳазордӯстро дил надиҳӣ, В-ар медиҳӣ, он дил ба ҷудоӣ биниҳӣ!
Хабисро чу таъаҳҳуд кунию бинвозӣ
Хабисро чу таъаҳҳуд кунию бинвозӣ, Ба давлати ту гунаҳ мекунад ба анбозӣ!
Панде агар бишнавӣ, эй подшоҳ
Панде агар бишнавӣ, эй подшоҳ, Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест: «Ҷуз ба хирадманд мафармо амал, Гарчи амал кори хирадманд нест!»

