Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд

Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд, Чунонки ханда гирифт аз ҳадиси эшонам. Ба тайра гуфт мусалмон: «‎Гар ин қаболаи ман, Дуруст нест, Худоё, яҳуд миронам!» Яҳуд гуфт: «‎Ба Таврит мехурам савганд, В-агар хилоф кунам, ҳамчу ту мусалмонам!» Гар аз басити замин ақл мунъадим гардад, Ба худ гумон мабарад ҳич кас, ки нодонам!