Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалоне ба ман ор
Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалоне ба ман ор, Зору бемори ғамам, роҳати ҷоне ба ман ор. Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод, Яъне, аз хоки дари дӯст нишоне ба м
Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор
Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор В-аз ӯ ба ошиқи бедил хабар дареғ мадор. Ба шукри он ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул, Насими васл зи мурғи саҳар дареғ
Ид асту охири гулу ёрон дар интизор
Ид асту охири гулу ёрон дар интизор, Соқӣ, ба рӯйи шоҳ бибин моҳу май биёр. Дил баргирифта будам аз айёми гул, вале Коре бикард ҳиммати покони рӯзадор.
Ало, эй тӯтии гӯёи асрор
Ало, эй тӯтии гӯёи асрор, Мабодо холият шаккар зи минқор! Сарат сабзу дилат хуш бод ҷовид, Ки хуш нақше намудӣ аз хати ёр.
Муоширон, гираҳ аз зулфи ёр боз кунед
Муоширон, гираҳ аз зулфи ёр боз кунед, Шабе хуш аст, бад-ин қиссааш дароз кунед. Ҳузури хилвати унс асту дӯстон ҷамъанд, «Ва ин якод»* бихонеду дар фароз кунед.
Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид
Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид, Аз ёри ошно сухани ошно шунид, Эй шоҳи ҳусн, чашм ба ҳоли гадо фикан, К-ин гӯш бас ҳикояти шоҳу гадо шунид.
Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид
Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид, Навиди фатҳу башорат ба меҳру моҳ расид. Ҷамоли бахт зи рӯйи зафар ниқоб андохт, Камоли адл ба фарёди додхоҳ расид.
Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред
Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред, Ҳуқуқи бандагии мухлисона ёд оред. Ба вақти сархушӣ аз оҳу нолаи ушшоқ, Ба савту нағмаи чангу чағона ёд оред.
Абри озорӣ баромад, боди наврӯзӣ вазид
Абри озорӣ баромад, боди наврӯзӣ вазид, Ваҷҳи май мехоҳаму мутриб, кӣ мегӯяд расид? Шоҳидон дар ҷилваю ман шармсори киссаам, Бори ишқу муфлисӣ саъб аст, мебояд
Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид
Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид, Вазифа гар бирасад, масрифаш гул асту набид. Сафири мурғ баромад, бати шароб куҷост, Фиғон фитод ба булбул, ниқоби гул
Ҷаҳон бар абруйи ид аз ҳилол вусма кашид
Ҷаҳон бар абруйи ид аз ҳилол вусма кашид, Ҳилоли ид дар абрӯйи ёр бояд дид. Шикаста гашт чу пушти ҳилол қомати ман, Камони абруйи ёрам чу вусма боз кашид.
Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд
Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд, Фиғон, ки бахти ман аз хоб дарнамеояд. Сабо ба чашми ман андохт хоке аз кӯят, Ки оби зиндагиям дар назар намеояд.
Агар он тоири қудсӣ зи дарам боз ояд
Агар он тоири қудсӣ зи дарам боз ояд, Умри бигзашта ба пиронасарам боз ояд. Дорам уммед бар ин ашки чу борон, ки дигар Барқи давлат, ки бирафт аз назарам, боз о
Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд
Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд, Ба коми ғамзадагон ғамгусор боз ояд. Ба пеши хайли хаёлаш кашидам аблақи чашм, Бад-он умед, ки он шаҳсавор боз ояд.
Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд
Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд, Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд. Насим дар сари гул бишканад кулолаи сунбул, Чу аз миёни чаман бӯйи он кулола барояд
Бар сари онам, ки гар зи даст барояд
Бар сари онам, ки гар зи даст барояд, Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд. Хилвати дил нест ҷойи суҳбати аздод, Дев чу берун равад, фаришта дарояд.
Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд
Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд. Гуфтам, ки моҳи ман шав. Гуфто: Агар барояд. Гуфтам: Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз, Гуфто: Зи моҳрӯён ин кор камт
Агар ба бодаи мушкин дилам кашад, шояд
Агар ба бодаи мушкин дилам кашад, шояд, Ки бӯйи хайр зи зуҳди риё намеояд. Ҷаҳониён ҳама гар манъи ман кунанд аз ишқ, Ман он кунам, ки Худовандгор фармояд.
Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад
Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад, Давлат хабар зи рози ниҳонам намедиҳад. Аз баҳри бӯсае зи лабаш ҷон ҳамедиҳам, Инам ҳамеситонаду онам намедиҳад.
Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад?
Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад? Пеши пое ба чароғи ту бибинам, чӣ шавад? Ё Раб, андар канафи сояи он сарви баланд Гар мани сӯхта як дам бинишинам,
Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад
Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад, То риё варзаду солус, мусулмон нашавад. Риндӣ омӯзу карам кун, ки на чандон ҳунар аст, Ҳаявоне, ки нанӯшад маю инсон
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад В-ин рози сарбамуҳр ба олам самар шавад. Гӯянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр, Оре, шавад валек ба хуни ҷигар шавад.
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад. Май деҳ, ки наварӯси чаман ҳадди ҳусн ёфт, Кор ин замон зи санъати даллола меравад.
Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад
Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад, Ба ҳар дараш, ки бихонанд, бехабар наравад. Тамаъ дар он лаби ширин накарданам авло, Вале чӣ гуна магас аз пайи шакар
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад, Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад. Аз димоғи мани саргашта хаёли даҳанат, Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон на

