Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад

Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад. Май деҳ, ки наварӯси чаман ҳадди ҳусн ёфт, Кор ин замон зи санъати даллола меравад. Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад. Таййи макон бибину замон дар сулуки шеър, К-ин тифл якшаба раҳи яксола меравад. Он чашми ҷодувонаи обидфиреб бин, К-аш корвони сеҳр зи дунбола меравад. Аз раҳ марав ба шеваи дунё, ки ин аҷуз Маккора менишинаду муҳтола меравад. Боди баҳор мевазад аз гулситони шоҳ В-аз жола бода дар қадаҳи лола меравад. Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси султон Ғиёсидин Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.