Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд

Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд. Гуфтам, ки моҳи ман шав. Гуфто: Агар барояд. Гуфтам: Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз, Гуфто: Зи моҳрӯён ин кор камтар ояд. Гуфтам, ки бар хаёлат роҳи назар бибандам, Гуфто, ки шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд. Гуфтам, ки бӯйи зулфат гумроҳи оламам кард, Гуфто: Агар бидонӣ, ҳам ӯ-т раҳбар ояд. Гуфтам: Хушо ҳавое, к-аз боди субҳ хезад, Гуфто: Хунук насиме, к-аз кӯйи дилбар ояд. Гуфтам, ки нӯши лаълат моро ба орзу кушт, Гуфто: Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд. Гуфтам: Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад? Гуфто: Магӯй бо кас, то вақти он дарояд. Гуфтам: Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад, Гуфто: Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд.