Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош
Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош, Ҳарифи ҳуҷраву гармобаву гулистон бош. Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ, Магӯ, ки хотири ушшоқ гӯ парешон бош.
Боз ою дили танги маро мӯниси ҷон бош
Боз ою дили танги маро мӯниси ҷон бош В-ин сӯхтаро маҳрами асрори ниҳон бош. З-он бода, ки дар майкадаи ишқ фурӯшанд, Моро ду-се соғар бидиҳу гӯ, рамазон бош.
Дорам аз зулфи сиёҳаш гила чандон, ки мапурс
Дорам аз зулфи сиёҳаш гила чандон, ки мапурс, Ки чунон з-ӯ шудаам бесарусомон, ки мапурс. Кас ба уммеди вафо тарки дилу дин макунод, Ки чунонам ман аз ин карда
Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс
Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс, Заҳри ҳаҷре чашидаам, ки мапурс. Гаштаам дар ҷаҳону охири кор Дилбаре баргузидаам, ки мапурс.
Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас
Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас, Насими равзаи Шероз пайки роҳат бас. Дигар зи манзили ҷонон сафар макун, дарвеш, Ки сайри маънавию кунҷи хонақоҳат бас.
Гулъизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас
Гулъизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас, З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас. Ману ҳамсуҳбатии аҳли риё? Дурам бод! Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас.
Эй сабо, гар бигзарӣ аз соҳили рӯди Арас
Эй сабо, гар бигзарӣ аз соҳили рӯди Арас, Бӯса зан бар хоки он водию мушкин кун нафас. Манзили Салмо, ки бодаш ҳар дам аз мо сад салом, Пурсадои сорбонон бинию
Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез
Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез, Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез. Фидои пираҳани чоки моҳрӯён бод Ҳазор ҷомаи тақвову хирқаи парҳез!
Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз
Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз, Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз. Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту, То чӣ хоҳад шуд дар ин савдо саранҷ
Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз
Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз Пештар з-он ки шавад косаи сар хок, андоз.* Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст, Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!
Биёву киштии мо дар шати шароб андоз
Биёву киштии мо дар шати шароб андоз, Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз. Маро ба киштии бода дарафкан, эй соқӣ, Ки гуфтаанд: «Накӯйӣ куну дар об андоз».
Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз
Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз В-аз фалак хуни хум кӣ ҷӯяд боз? Шармаш аз чашми майпарастон бод, Наргиси маст агар бирӯяд боз.
Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз
Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз, Биё, ки дар тани мурда равон дарояд боз. Биё, ки фурқати ту чашми ман чунон дарбаст, Ки фатҳи боби висолат магар кушоя
Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз
Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз, Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз. Фархунда бод талъати хубат, ки дар азал Бибридаанд бар қади сарват қабои ноз.
Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз
Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз, Чӣ шукр гӯямат,эй корсози банданавоз? Ниёзманди бало, гӯ, рух аз ғубор машӯй, Ки кимиёи мурод аст хоки кӯйи ниёз.
Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хешат боз
Ҳазор шукр, ки дидам ба коми хешат боз, Зи рӯйи сидқу сафо гашта бо дилам дамсоз. Равандагони тариқат раҳи бало сипаранд, Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз нишебу фаро
Рӯй бинмою маро гӯ, ки зи ҷон дил баргир
Рӯй бинмою маро гӯ, ки зи ҷон дил баргир, Пеши шамъ оташи парвона ба ҷон гӯ даргир. Дар лаби ташнаи мо бину мадор об дареғ, Бар сари куштаи хеш ою зи хокаш барг
Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир
Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир, Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир. Зи васли рӯйи ҷавонон таматтуъе бардор, Ки дар камингаҳи умр аст макри олами
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур, Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махур! Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун, В-ин сари шӯрида боз о
Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур
Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур Гулбонг зад, ки чашми бад аз рӯйи гул ба дур. Эй гул, ба шукри он ки туӣ подшоҳи ҳусн, Бо булбулони бедили шайдо макун ғу
Эй хуррам аз фурӯғи рухат лолазори умр
Эй хуррам аз фурӯғи рухат лолазори умр, Боз о, ки рехт бе гули рӯят баҳори умр. Аз дида гар сиришк чу борон чакад, равост, К-андар ғамат чу барқ бишуд рӯзгори у
Гар бувад умр, ба майхона равам бори дигар
Гар бувад умр, ба майхона равам бори дигар, Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар. Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам, То занам об дари майкада як б
Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр
Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр, Саломун фиҳи ҳатто матлаъилфаҷр. Дило, дар ошиқӣ собитқадам бош, Ки дар ин раҳ набошад кори беаҷр.
Рӯй бинмову вуҷуди худам аз ёд бибар
Рӯй бинмову вуҷуди худам аз ёд бибар, Хирмани сӯхтагонро ҳама, гӯ, бод бибар! Мо чу додем дилу дида ба тӯфони бало, Гӯ, биё сели ғаму хона зи бунёд бибар.
Эй сабо, накҳате аз кӯйи дари ёр биёр
Эй сабо, накҳате аз кӯйи дари ёр биёр, Бибар андӯҳи дилу муждаи дидор биёр. Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ, Номаи хушхабар аз олами асрор биёр.

