Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур

Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур Гулбонг зад, ки чашми бад аз рӯйи гул ба дур. Эй гул, ба шукри он ки туӣ подшоҳи ҳусн, Бо булбулони бедили шайдо макун ғурур. Аз дасти ғайбати ту шикоят намекунам, То нест ғайбате, набувад лаззати ҳузур. Гар дигарон ба айшу тараб хурраманду шод, Моро ғами нигор бувад мояи сурур. Зоҳид агар ба ҳуру қусур аст умедвор, Моро шаробхона қусур асту ёр ҳур. Май хур ба бонги чангу махур ғусса, в-ар касе Гӯяд туро, ки бода махур, гӯ, ҳувалғафур.* Ҳофиз, шикоят аз ғами ҳиҷрон чӣ мекунӣ, Дар ҳаҷр васл бошаду дар зулмат аст нур.