Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд
Он замонеро, ки чашм аз чашми ӯ махмур буд, Чун расидаш чашми бад, к-аз чашмҳо мастур буд?! Шодии шабҳои мо, к-аз мушку анбар парда дошт, Шодии он субҳҳо, к-аз
Қанд бикшой, ай санам, то айшро ширин кунад
Қанд бикшой, ай санам, то айшро ширин кунад, Ҳин, ки омад дуди ғам, то халқро ғамгин кунад! Ай ту ранги офият, зеро ки моҳ аз хосият Сангҳоро лаъл созад, меваро
Зарра-зарра офтоби ишқ дурдихор бод
Зарра-зарра офтоби ишқ дурдихор бод, Мӯбамӯйи мо бад-он сар Ҷафъари Тайёр бод! Зарраҳо бар офтобат ҳар замон бар мезананд, Ҳар ки ин бар хӯрд аз ту, аз ту барху
Дӣ миёни ошиқон соқиву мутриб мир буд
Дӣ миёни ошиқон соқиву мутриб мир буд, Дарҳам афтодем, зеро рӯзи гирогир буд! Ақл ботадбир омад дар миёни ҷӯши мо, Дар чунон оташ чи ҷойи ақл ё тадбир буд?!
Аз дилбари мо нишон кӣ дорад?!
Аз дилбари мо нишон кӣ дорад?! Дар хона маҳе ниҳон кӣ дорад?! Бе дида ҷамоли ӯ кӣ бинад?! Берун зи ҷаҳон ҷаҳон кӣ дорад?!
Кас бо чу ту ёр роз гӯяд
Кас бо чу ту ёр роз гӯяд, Ё қиссаи хеш бозгӯяд! Оқил кардаст бо ту кӯтоҳ, Лекин ошиқ дароз гӯяд!
Соқӣ, бархез, к-он маҳ омад
Соқӣ, бархез, к-он маҳ омад, Биштоб, ки сахт бегаҳ омад! Туркона битоз, вақт танг аст, К-он турки Хито ба хиргаҳ омад!
Мо маст шудему дил ҷудо шуд
Мо маст шудему дил ҷудо шуд, Аз мо бигурехт, то куҷо шуд?! Чун дид, ки банди ақл бигсаст, Дарҳол дилам гурезпо шуд!
Ҳар сина, ки симбар надорад
Ҳар сина, ки симбар надорад, Шахсе бошад, ки сар надорад! В-он кас, ки зи доми ишқ дур аст, Мурғе бошад, ки пар надорад!
Аз баҳри чӣ дар ғаму заҳиред
Аз баҳри чӣ дар ғаму заҳиред, Вақти сафар аст, хар бигиред! Хезеду равон шавед, ёрон, То ҳамчу равон сафо пазиред!
Ай аҳли сабӯҳ, дар чӣ коред?!
Ай аҳли сабӯҳ, дар чӣ коред?! Шаб мегузарад, раво мадоред! Монандаи офтоби рахшон Аз ҷоми сабӯҳ сар бароред!
Дер омадайӣ, сафар макун зуд
Дер омадайӣ, сафар макун зуд, Ай мояи ҳар муроду ҳар суд! Ай з-оташи азми рафтани ту Аз биниҳо баромада дуд!
Соқӣ, з-он май, ки мечариданд
Соқӣ, з-он май, ки мечариданд, Бифзой, ки ёракон расиданд! Миҳмон бифузуд, май бияфзо З-он хунб, ки авлиё чашиданд!
Хуш бош, ки ҳар ки роз донад
Хуш бош, ки ҳар ки роз донад, Донад, ки хушӣ-хушӣ кашонад! Ширин чу шакар-ту бош шокир, Шокир ҳар дам шакар ситонад!
Имрӯз нигори мо наёмад
Имрӯз нигори мо наёмад, Он дилбару ёри мо наёмад! Он гул, ки миёни боғи ҷон аст, Имшаб ба канори мо наёмад!
Он шуълаи нур мехиромад
Он шуълаи нур мехиромад В-он фитнаи ҳур мехиромад! Шаб ҷома сапед кард, зеро К-он моҳ зи дур мехиромад!
Бечора касе, ки май надорад
Бечора касе, ки май надорад, Ғӯра ба салаф ҳамефишорад! Бечора замин, ки шӯра бошад В-ин абри карам бар ӯ наборад!
Ин қофила бори мо надорад
Ин қофила бори мо надорад, Аз оташи ёри мо надорад! Ҳарчанд дарахтҳои сабзанд, Бӯе зи баҳори мо надорад!
Ай ишқ, ки ҷумла аз ту шоданд
Ай ишқ, ки ҷумла аз ту шоданд, В-аз нури ту ошиқон бизоданд! Ту подшаҳиву ҷумла ушшоқ Ҳамранги ту подшаҳнажоданд!
Рӯйи ту ба рангрези кон монад
Рӯйи ту ба рангрези кон монад, Зулфи ту ба нақши банди ҷон монад! Гар сояи барги гул фитад бар ту, Бар орази нозукат нишон монад!
Дил бо дили дӯст дар ҳанин бошад
Дил бо дили дӯст дар ҳанин бошад, Гӯёи хамӯш ҳамчунин бошад! Гӯям сухану забон наҷунбонам, Чун гӯши ҳасуд дар камин бошад!
Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад
Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад, Зи завқи мош ёди мо-ш набвад! Мисоли гӯй дар майдони ҳайрат Давон бошад, агарчи по-ш набвад!
Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд
Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд, Калоғон қадри тобистон чи донанд?! Бари бегонагон то чанд бошӣ?! Биё, ҷон, қадри ту эшон чи донанд?!
Саг арчи бе фиғону мар набошад
Саг арчи бе фиғону мар набошад, Саги мо чун саги дигар набошад! Шунав аз Мустафо, к-ӯ гуфт: “Девам Мусалмон шуд, дигар кофар набошад!”
Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад
Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад, Чу хошоке миёни бод бошад! Чу мурғи хонагӣ, к-аз авҷ паррад, Чу шогирде, ки беустод бошад!

