Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бечора касе, ки май надорад

Бечора касе, ки май надорад, Ғӯра ба салаф ҳамефишорад! Бечора замин, ки шӯра бошад В-ин абри карам бар ӯ наборад! Боре, дили ман сабӯҳмаст аст, Воми шаби дӯш мегузорад! Гуфтам басабӯҳхуфтагонро: “Помузди вам, ки сар барорад!” Имрӯз гурехт шарм аз ман, Ӯ бар кафи маст кай нигорад?! Соқист гирифта гӯшам имрӯз, Як лаҳза маро намегузорад! Ҷоми чу асо-ш аждаҳо шуд, Бар қибтие58 ақл мегуморад! Хомушу бибин, ки хумми мастон Чун ҷоми шариф месупорад!