Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Кас бо чу ту ёр роз гӯяд

Кас бо чу ту ёр роз гӯяд, Ё қиссаи хеш бозгӯяд! Оқил кардаст бо ту кӯтоҳ, Лекин ошиқ дароз гӯяд! Аз ишқи ту дар суҷуд афтад, Савдои ту дар намоз гӯяд! Аз ноз ҳама дурӯғ гӯйӣ, Он-ч ин дилам аз ниёз гӯяд! Ман ҳамчу Аёзаму ту Маҳмуд, Бишнав сухане, к-Аёз гӯяд! Пеши ту касе ҳадиси ман гуфт, Гуфтӣ ту, ки ӯ маҷоз гӯяд! Чун зар суханони ман шунидӣ, Гуфтӣ: «‎Ба тариқи гоз гӯяд!».