Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2721

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1816

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1537

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1447

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1263

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1097

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1087

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 893

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 866

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 838

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 817

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 801

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 775

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 749

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 728

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 700

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 697

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 679

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 677

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Ватан

👁 673

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 671

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 670

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 652

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 633

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 592

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд

👁 30

Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд, Калоғон қадри тобистон чи донанд?! Бари бегонагон то чанд бошӣ?! Биё, ҷон, қадри ту эшон чи донанд?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Саг арчи бе фиғону мар набошад

👁 11

Саг арчи бе фиғону мар набошад, Саги мо чун саги дигар набошад! Шунав аз Мустафо, к-ӯ гуфт: “Девам Мусалмон шуд, дигар кофар набошад!”

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад

👁 14

Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад, Чу хошоке миёни бод бошад! Чу мурғи хонагӣ, к-аз авҷ паррад, Чу шогирде, ки беустод бошад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Касе, к-аз ғамзае сад ақл бандад

👁 18

Касе, к-аз ғамзае сад ақл бандад, Гар ӯ бар мо нахандад, пас кӣ хандад?! Агар тасхур кунад бар чарху хуршед, Бувад инсофу инсоф он писандад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад

👁 9

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад, Ки он дилбар ҳаме дар бар нагунҷад! Зи мастӣ ман тарозуро шикастам, Тарозу кони гавҳарро насанҷад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Диламро нолаи сурной бояд

👁 17

Диламро нолаи сурной бояд, Ки аз сурной бӯйи ёр ояд! Ба ҷон хоҳам навойи ошиқона, К-аз он нола ҷамоли ҷон намояд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Парер он чиҳраи ёрам чи хуш буд

👁 9

Парер он чиҳраи ёрам чи хуш буд, Итобу нози дилдорам чи хуш буд! Ба ёдам нест ҳеч он моҷароҳо, Валекин з-ин хабардорам, чи хуш буд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чу шаб шуд, ҷумлагон дар хоб рафтанд

👁 15

Чу шаб шуд, ҷумлагон дар хоб рафтанд, Ҳама чун моҳиён дар об рафтанд! Ду чашми ошиқон бедор то рӯз, Ҳама шаб сӯйи он миҳроб рафтанд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Туйӣ нақше, ки ҷонҳо барнатобад

👁 17

Туйӣ нақше, ки ҷонҳо барнатобад, Ки қанди ту даҳонҳо барнатобад! Ҷаҳон гарчи ки сад рӯ дар ту дорад, Ҷамолатро ҷаҳонҳо барнатобад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар як сари мӯй аз рухи ту рӯй намояд

👁 18

Гар як сари мӯй аз рухи ту рӯй намояд, Бар рӯйи замин хирқаву зуннор намонад! Онро, ки даме рӯй намойӣ зи ду олам, Он сӯхтаро ҷуз ғами ту кор намонад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар нукта, ки аз заҳри аҷал талхтар ояд

👁 14

Ҳар нукта, ки аз заҳри аҷал талхтар ояд, Онро чу бигӯяд лаби ту, чун шакар ояд! Дар чоҳи занахдони ту ҳар ҷо, ки ватан сохт, Зуд аз расани зулфи ту бар чарх бар

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чун бар рухи мо акси ҷамоли ту барояд

👁 8

Чун бар рухи мо акси ҷамоли ту барояд, Бар чиҳраи мо хок чу гулгуна намояд! Хоҳам, ки зи зуннор дусад хирқа намоям, Тарсобача гӯяд, ки напӯшон, ки нашояд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он сурхқабое, ки чу маҳ пор баромад

👁 15

Он сурхқабое, ки чу маҳ пор баромад, Имсол дар ин хирқаи зангор баромад! Он турк, ки он сол ба яғмо-ш бидидӣ, Он аст, ки имсол арабвор баромад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!

👁 26

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?! Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед! Маъшуқи ту ҳамсояи деворбадевор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тадбир кунад бандаву тақдир надонад

👁 25

Тадбир кунад бандаву тақдир надонад, Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад?! Банда чу бияндешад, пайдост, чӣ бинад, Ҳилат бикунад, лек Худойӣ бинадонад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дар кӯйи харобот маро ишқ кашон кард

👁 17

Дар кӯйи харобот маро ишқ кашон кард, Он дилбари айёр маро дид, нишон кард! Ман дар пайи он дилбари айёр бирафтам, Ӯ рӯйи худ он лаҳза зи ман боз ниҳон кард!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дар ҳалқаи ошиқон баногаҳ хабар афтод

👁 20

Дар ҳалқаи ошиқон баногаҳ хабар афтод, К-аз бахт яке моҳрухе хуб дарафтод! Чашму дили ушшоқ чунон пур шуд аз он ҳусн, То қиссаи хубон, ки баноманд, барафтод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

То боди саъодат зи Муҳаммад хабар афканд

👁 26

То боди саъодат зи Муҳаммад хабар афканд, З-он мардиву з-он ҳамла шақоват сипар афканд! Аз ҳоли гадо нест аҷаб, гар шавад ӯ паст, Теғи ғами ту аз сари сад шоҳ с

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред

👁 271

Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред, Дар ин ишқ чу мурдед, ҳама рӯҳ пазиред! Бимиред, бимиред в-аз ин марг матарсед, К-аз ин хок бароед, самовот бигиред!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад

👁 23

Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад, Уммеди ҳама ҷонҳо аз ғайб расид, омад! Навмед машав, гарчи Марям бишуд аз дастат, К-он нур, ки Исоро бар чарх кашид, ома

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад

👁 16

Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад, Чун ҳукми Худо ояд, он зеру забар бошад. Бар ҳарчи умедастат, кай гирад ӯ дастат?! Бар шакли асо ояд в-он мори дусар бо

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад

👁 11

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад, Девона ҳамегардад, тадбир ҳамедаррад! Тақсир куҷо гунҷад дар гармраве ошиқ, К-аз оташи ишқи ӯ тақсир ҳамедаррад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар моҳи шабафрӯзон рӯпӯш раво дорад

👁 15

Гар моҳи шабафрӯзон рӯпӯш раво дорад, Гирам, ки бипӯшад рӯ, бӯро чи даво дорад?! Гар низ бипӯшад рӯ в-ар низ бибуррад бӯ, Аз хунбиши рӯҳонӣ сад гуна гуво дорад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷон пеши ту ҳар соъат мерезаду мерӯяд

👁 18

Ҷон пеши ту ҳар соъат мерезаду мерӯяд, Аз баҳри яке ҷон кас чун бо ту сухан гӯяд?! Ҳар ҷо, ки ниҳӣ пое, аз хок бирӯяд сар, В-аз баҳри яке сар кас даст аз ту куҷ

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он субҳи саодатҳо чун нурфишон ояд

👁 15

Он субҳи саодатҳо чун нурфишон ояд, Он гоҳ хурӯши ҷон дар бонгу фиғон ояд! Хур нур дурахшонад, пас нур барафшонад, Тан гард чу биншонад, ҷонон бари ҷон ояд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 334 аз 1003