Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад, Девона ҳамегардад, тадбир ҳамедаррад! Тақсир куҷо гунҷад дар гармраве ошиқ, К-аз оташи ишқи ӯ тақсир ҳамедаррад! То ҳоли ҷавон чӣ-бвад, к-он оташи беъиллат Дурроъаи тақворо бар пир ҳамедаррад! Сад пардаи дар парда гар бошад дар чашме, Абрӯйи камоншаклаш аз тир ҳамедаррад! Мурғи дили ҳар ошиқ, к-аз байза бурун ояд, Аз чангали таъҷилаш таъхир ҳамедаррад! Ин олам чун қир аст – пойи ҳама бигрифта, Чун оташи ишқ ояд, ин қир ҳамедаррад! Шамсулҳақи Табрезӣ ҳам хусраву ҳам мир аст, Пероҳани ҳар сабре з-он мир ҳамедаррад!