Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ай шаби хушрӯ, ки туйӣ миҳтару солори ҳабаш
Ай шаби хушрӯ, ки туйӣ миҳтару солори ҳабаш, Мо зи ту шодем ҳама, вақти ту х(в)аш, вақти ту х(в)аш! Ишқи ту андархури мо, шавқи ту андар бари мо, Даст биниҳ бар
Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес
Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес, З-он ки нарезад кунун хуни раҳӣ як лакес! Ганҷи ниҳони ду кавн пеши рухаш як ҷав аст, Баҳри лакесе, дило, сард бувад
Нест дар охирзамон фарёдрас
Нест дар охирзамон фарёдрас, Ҷуз Салоҳуддин, Салоҳуддину бас! Гар зи сирри сирри ӯ донистайӣ, Дам фурӯ каш, то надонад ҳеч кас!
Ай дили бебаҳра, аз Баҳром тарс
Ай дили бебаҳра, аз Баҳром тарс В-аз шаҳон дар соъати икром тарс! Донаи ширин бувад икроми шоҳ, Дона дидӣ, он замон аз дом тарс!
Нимшаб аз ишқ, то донӣ, чи мегӯяд хурӯс?!
Нимшаб аз ишқ, то донӣ, чи мегӯяд хурӯс?! «Хезу шабро зинда дору рӯзи равшан настакӯс!» Паррҳо барҳам занад, яъне, дареғо, хоҷаам, Рӯзгори нозанинро медиҳад бар
Ишқ гузин, ишқу дар ӯ кавкаба мерону матарс!
Ишқ гузин, ишқу дар ӯ кавкаба мерону матарс! Ай дили ту ояти Ҳақ, мусҳафи каж хону матарс. Ҷонварӣ, лоҷарам аз фурқати ҷон меларзӣ, Ре биҳилу вов биҳил, шав ҳам
Агар оташ аст ёрат, ту, бирав, дар ӯ ҳамесӯз
Агар оташ аст ёрат, ту, бирав, дар ӯ ҳамесӯз, Ба шаби фироқ сӯзон ту чу шамъ бош то рӯз! Ту мухолафат ҳамекуш, ту мувофақат ҳамекун, Чу либоси ту даронанд, ту л
Гар найӣ девона, рав, мар хешро девона соз
Гар найӣ девона, рав, мар хешро девона соз, Гарчи сад раҳ мот гаштӣ, муҳраи дигар бибоз! Гарчи чун торӣ, зи захмаш захмаи дигар бизан, Бозгард, ай мурғ, гарчи х
Ман аз суханони миҳрангез
Ман аз суханони миҳрангез, Дил пур дорам, зи хоб бархез! Ай он ки рухи ту ҳамчу оташ, Як лаҳза зи оташам мапарҳез!
Бархезу сабӯҳро барангез
Бархезу сабӯҳро барангез, Ҷон бахш замонарову мастез! Омехта бош бо ҳарифон, Бо об шаробро маёмез!
Моем фидойиёни ҷонбоз
Моем фидойиёни ҷонбоз, Густоху далеру ҷисмпардоз! Ҳайф аст, ки ҷони поки моро Бошад тани хоксор анбоз!
Дар ин сармо сари мо дорӣ имрӯз
Дар ин сармо сари мо дорӣ имрӯз, Дили айшу тамошо дорӣ имрӯз?! Маяфкан навбати ишрат ба фардо, Чу осойиш муҳайё дорӣ имрӯз!
Биё, бо ту маро кор аст имрӯз
Биё, бо ту маро кор аст имрӯз, Маро савдои гулзор аст имрӯз! Биё, дилдори ман, дилдорие кун, Ки рӯзи лутфу ӣсор аст имрӯз!
Ҳаст касе софиву зебоназар
Ҳаст касе софиву зебоназар, То бикунад ҷониби боло назар?! Ҳаст касе пок аз ин обу гил, То бикунад ҷониби дарё назар?!
Ҷони хароботиву умри баҳор
Ҷони хароботиву умри баҳор, Ҳин, ки бишуд умр чунин ҳушёр! Ҷони ҷаҳон, ҷони маро даст гир, Чашми ҷаҳон, ҳарфи маро гӯш дор!
Халқро зери гунбади даввор
Халқро зери гунбади даввор Чашмҳо кӯру диданӣ бисёр! Ҷаври ӯ каш, аз он ки шӯриши дил Нури чашм аст, ё улулабсор!
Рӯй бинмо ба мо, макун мастур
Рӯй бинмо ба мо, макун мастур, Ай ба ҳафт осмон чу маҳ машҳур! Мо яке, ҷамъи ошиқон, зи ҳавас Омадем аз сафар зи роҳе дур.
Аз он мақом, ки набвад кушод, зуд гузар
Аз он мақом, ки набвад кушод, зуд гузар, Бирав ба сӯйи харидори хеш ҳамчун зар! Дарахт агар мутаҳаррик шудӣ зи ҷой ба ҷо, На ранҷи арра кашидӣ, на захмҳои табар
Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ шакар
Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ шакар, Ки аз лаби шакарин бахш як-ду соъ шакар! Лаби ту аст, ки шаккар зи айни ӯ рӯяд, На мунтазир, ки расад нася аз буқоъ шака
Касе бигуфт: «Зи мо ё аз ӯст некиву шар?!»…
Касе бигуфт: «Зи мо ё аз ӯст некиву шар?!». Ҳанӯз хоҷа дар ин аст, риши хоҷа нигар! Аҷаб, ки хоҷа ба ранге, ки тифл буд, бимонд, Ки риши хоҷа дигар буду гашт ра
Бикаш, бикаш, ки чи хуш мекашӣ, биёр, биёр
Бикаш, бикаш, ки чи хуш мекашӣ, биёр, биёр, Ҳазиматони раҳи ишқро қатор-қатор! Канор боз кушодаст ишқ аз мастӣ, Расид дилшудагонро гаҳи канор-канор!
Биёмадем дигар бор чун насими баҳор
Биёмадем дигар бор чун насими баҳор, Баромадем чу хуршед бо сад истизҳор! Чу офтоби тамузем рағми фасли аҷуз Фиканда ғулғулу шодӣ миёнаи гулзор!
Ояд ҳар дам расул аз тарафи шаҳри ёр
Ояд ҳар дам расул аз тарафи шаҳри ёр, Бо фараҳи васли дӯст, бо қадаҳи шаҳдбор! Дастзанон ақли кул, рақскунон ҷузву кул, Саҷдакунон сарву гул бар тарафи сабзазор
Бар сари раҳ дидамаш, тез равон чун қамар
Бар сари раҳ дидамаш, тез равон чун қамар, Гуфтам: «Баҳри Худо, якдама оҳистатар! Як дам, ай моҳваш, асбу инонро бикаш, Ай ту чу хуршеду хур соя зи мо зӯ мабар!
Мастему бехудему ҷамоли ту пардадар
Мастему бехудему ҷамоли ту пардадар, З-ин пас мабош, моҳо, дар абру парда дар! Мо, ҷамъи ошиқони ту, хушқадду қоматем, Моро салоии фитнаву шӯру ҳазор шар!

