Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Моем фидойиёни ҷонбоз

Моем фидойиёни ҷонбоз, Густоху далеру ҷисмпардоз! Ҳайф аст, ки ҷони поки моро Бошад тани хоксор анбоз! З-оғоз ҳама ба охир оянд, З-охир биравем мо ба оғоз! Ҳин, бозпаред ҷумла ёрон, Шаҳ боз бикӯфт табли шаҳбоз! Шаш сӯй мапар, бипар аз он сӯ, К-андар дили ту расид овоз! Ҳон, ай дили хаста, нақли моро Рӯзе ду-се мондааст, месоз! Гар хориву гар азизӣ ин ҷо, З-он сӯст бақову мулку иъзоз! Макшой пари сухан, к-аз он сӯ Бе пар бошад ҳамеша парвоз! Пӯсти сухан аст, ин чи гуфтам, Аз пӯст кӣ ёфт мағзи он роз?!