Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Халқро зери гунбади даввор

Халқро зери гунбади даввор Чашмҳо кӯру диданӣ бисёр! Ҷаври ӯ каш, аз он ки шӯриши дил Нури чашм аст, ё улулабсор! Бар ду дида ниҳам ғамат, к-ин дард Доруйи хоси хусравист ба бор! Боғи ҷон хуш зи сангборон аст, Мо нахоҳем қатра санг бибор! Шамси Табрез гавҳари ишқ аст, Гавҳари ишқро ту хор мадор!