Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чанд қабо бар қади дил дӯхтам
Чанд қабо бар қади дил дӯхтам, Чанд чароғи хирад афрӯхтам! Пири фалакро, ки қарореш нест, Гардиши бас булъаҷаб омӯхтам!
Ту чи донӣ, ки мо чи мурғонем?!
Ту чи донӣ, ки мо чи мурғонем?! Ҳар нафас зери лаб чи мехонем?! Чун ба даст оварад касе моро?! Мо гаҳе ганҷ, гоҳ вайронем?!
Хез, то фитнае барангезем
Хез, то фитнае барангезем, Як замон аз замона бигрезем! Бар бисоти нишот биншинем, Ҳама аз пеши хеш бархезем!
Ошиқи рӯйи ҷонфазойи туем
Ошиқи рӯйи ҷонфазойи туем, Раҳмате кун, ки дар ҳавойи туем! Ту ба рухсори офтобиву маҳ, Мо ҳама зарра дар ҳавойи туем!
Мо, ки бода зи дасти ёр хурем
Мо, ки бода зи дасти ёр хурем, Кай чу уштур гиёҳу хор хурем?! Эманем аз хумори май, эро Майи соқии бехумор хурем!
Омадастем, то чунон гардем
Омадастем, то чунон гардем, Ки чу хуршед ҷумла ҷон гардем! Мӯнису ёри ғамгинон бошем, Гулу гулзори хокиён гардем!
Мо ҳама аз аласт ҳамдастем
Мо ҳама аз аласт ҳамдастем, Оқибат, шукр, боз пайвастем! Мо ҳама ҳамдилему ҳамроҳем, Ҷумла аз як шароб сармастем!
То ба ҷон масти ишқи он ёрам
То ба ҷон масти ишқи он ёрам, Сардиҳи бодаҳои анворам! Ҳар даме гар на ҷони нав диҳадам, Ай дил, аз ҷони хеш безорам!
Омадам боз, то чунон гардам
Омадам боз, то чунон гардам, Ки чу хуршед ҷумла ҷон гардам! Сари хумми раҳиқ бикшоям, Сардиҳи базми сархушон гардам!
Талхӣ накунад ширинзақанам
Талхӣ накунад ширинзақанам, Холӣ накунад аз май даҳанам! Урён кунадам ҳар субҳдаме, Гӯяд, ки биё, ман ҷомаканам!
Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам
Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам, Гаҳ болзанон ҳамчун малакам! Чархам пайи Ҳақ, рақсам пайи Ҳақ, Ман з-они вайам, не муштаракам!
Агар ба ақлу кифоят пайи ҷунун бошам
Агар ба ақлу кифоят пайи ҷунун бошам, Миёни ҳалқаи ушшоқ зӯфунун бошам! Манам ба ишқ Сулаймон, забони ман Осаф, Чаро ба бастаи ҳар доруе фусун бошам?!
Фузул гаштаам имрӯз, ҷанг меҷӯям
Фузул гаштаам имрӯз, ҷанг меҷӯям, Манӯш нуктаи мастон, ки ёва мегӯям! Тано, бисӯз чу ҳезум, ки аз ту сер шудам, Дило, бирав ту зи пешам, туро намеҷӯям!
Биёр, мутриб, бар мо карим бош, карим
Биёр, мутриб, бар мо карим бош, карим, Ба кӯйи хастадилонӣ, раҳим бош, раҳим! Дилам чу оташ чун дар даме шавад зинда?! Чу дил мабош мусофир, муқим бош, муқим!
Ба кӯйи ишқи ту ман н-омадам, ки боз равам
Ба кӯйи ишқи ту ман н-омадам, ки боз равам, Чи гуна қибла гузорам, чу дар намоз равам?! Ба ҷуз, ки кӯр нахоҳад, ки ман ба ҳеч сабаб Ба сӯйи зулмат аз он шамъи с
Ба гӯшае биравам, гӯши он қадаҳ гирам
Ба гӯшае биравам, гӯши он қадаҳ гирам, Ки ошиқи қадаҳи дурду хасми тадбирам! Хуш аст гӯша ва ё гӯшагаштае чун ман, Ба ҳар чи бошад аз ин ду, чу шаҳду чун ширам!
Ба гӯши ман бирасонид ҳаҷри талхпаём
Ба гӯши ман бирасонид ҳаҷри талхпаём, Ки хоби ширин бар ошиқон шудаст ҳаром! Бикард бар хуру бар хоб чор такбире, Ҳар он касе, ки бар ӯ кард ишқ нимсалом!
Нагуфтамат, марав он ҷо, ки ошно-т манам?!
Нагуфтамат, марав он ҷо, ки ошно-т манам?! Дар ин сароби фано чашмаи ҳаёт манам?! Вагар ба хашм равӣ сад ҳазор сол зи ман, Ба оқибат ба ман ойӣ, ки мунтаҳот ман
Бори дигар зарравор рақскунон омадем
Бори дигар зарравор рақскунон омадем, З-он суви гардуни ишқ чархзанон омадем! Бар сари майдони ишқ чунки яке гӯ шудем, Гаҳ ба карон тохтем, гаҳ ба миён омадем!
Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем!
Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем! Бештар о, гавҳаро, то ҳама дарё равем! Даст ба ҳам водиҳем ҳалқасифат ҷавқ-ҷавқ, Ҷамъ муаллақзанон маст ба дарё давем!
Чанд равӣ бехабар? Охир, бингар ба бом
Чанд равӣ бехабар? Охир, бингар ба бом, Бом чӣ бошад, бигӯ, бар фалаки сабзфом! То қамаре ҳамчу ҷон ҷилва шавад ногаҳон, Сад маҳу сад офтоб чиҳраи ӯро ғулом.
Бикшой чашми худ, ки аз он чашмравшанем
Бикшой чашми худ, ки аз он чашмравшанем, Ҳошо, ки чашми хеш аз он рӯй барканем! Парвонайӣ ту баҳри ту бифрӯз синаро, То хешро зи ишқ бар он сина барзанем!
Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам
Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам, Ҷон додаам, валек ҷаҳоне харидаам! Рӯям чу заргар аст, аз ӯ ин сухан шунав: “Додам қурозае зару коне харидаам!”.
Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам
Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам, Ман он гадойи урам, к-аз шоҳ хашм кардам! Аз лутфам он ягона мехонд сӯйи хона, Кардам яке баҳона в-аз роҳ хашм кардам!
Дардиҳ шароб яксон, то ҷумла ҷамъ бошем
Дардиҳ шароб яксон, то ҷумла ҷамъ бошем, То нақшҳои худро як-як фурӯ тарошем! Аз хеш хоб гардем, ҳамранги об гардем, Мо шохи як дарахтем, мо ҷумла хоҷатошем!

