Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам

Чизе магӯ, ки ганҷи ниҳоне харидаам, Ҷон додаам, валек ҷаҳоне харидаам! Рӯям чу заргар аст, аз ӯ ин сухан шунав: “Додам қурозае зару коне харидаам!”. Аз чашми турки дӯст чи тире, ки хӯрдаам, В-аз тоқи абруяш чи камоне харидаам! Бо халқ баста-баста бигӯям ман ин ҳадис, Бо кас нагӯям: «Ин зи фалонӣ харидаам!». Ҳарчанд безабон шуда будам чу моҳие, Дидам шакарлабеву забоне харидаам! Ногоҳ чун дарахт бирустӣ миёни боғ, З-он боғи бенишона нишоне харидаам! Гуфтам миёни боғи худ: «Онро миёна нест!», Лек аз миён нестмиёне харидаам! Кардам қирон ба мафхари Табрез — Шамси дин, Берун зи ҳар ду қарн қироне харидаам!