Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем!

Пештар о, майлабо, то ҳама шайдо шавем! Бештар о, гавҳаро, то ҳама дарё равем! Даст ба ҳам водиҳем ҳалқасифат ҷавқ-ҷавқ, Ҷамъ муаллақзанон маст ба дарё давем! Бар лаби дарёи ишқ тоза бирӯйем боз, Ҳой, ки чун гулситон то ба абад мо навем! В-аз ҷигари гулситон шуълаи дигар занем, Чун зи рухи оташин мояи сад партавем! Ҷавҳари мо рӯ намуд, лек аз он сӯйи баҳр Оҳ, ки ту з-ин сувӣ, оҳ, ки мо з-он сувем. Шоҳсуворо, ба сар тоҷ биҷунбон чунин, Тоҷи туро гавҳарем, аспи туро мо ҷавем! Бар сари дораш кунем, ҳар ки бигӯяд якем, Оташ андарзанем, ҳар ки бигӯяд дувем!