Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Булбуло, ҳар шаб туро ин нолаҳои зор чист?
Булбуло, ҳар шаб туро ин нолаҳои зор чист? Лаҳнҳои хуш зи минқорат чу мусиқор чист? Ҳар сабақ, к-аз дафтари гул хондаӣ, чун ёди туст, З-аввали шаб то дами субҳ
Ҳамоно ояти саҷда-ст хат аз мусҳафи рӯят
Ҳамоно ояти саҷда-ст хат аз мусҳафи рӯят, Ки ҳар к-аш хонд, орад саҷда дар меҳроби абрӯят. Туӣ он Юсуфи ғоибшуда аз ман, ки дар бустон Зи ҳар пиромуни гул дар м
Ин кулба нишемани ниёз аст
Ин кулба нишемани ниёз аст, Хилватгаҳи маҳрамони роз аст. Чун хонаи чашми аҳли биниш, Бар рӯйи хасон дараш фароз аст.
Моҳе, ки хест дар шаҳр аз рафтанаш қиёмат
Моҳе, ки хест дар шаҳр аз рафтанаш қиёмат, Шуки Худо, ки омад боз аз сафар саломат. Ман шоҳи тахти ишқам тоҷи шараф ба фарқам, Санге, ки бар сари ман меояд аз м
То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат
То гашт ҷо ба гӯшам овозаи ҷамолат, Хилватсарои дил шуд ҷавлонгаҳи хаёлат. Дар ҳаҷри ту бимурдам нашмида бӯйи васлат, Дар доми ту фитодам нодида зулфу холат.
Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб
Зулфи маъшуқ ба дасти дигарон аст имшаб, Навбати давлати кӯтаҳназарон аст имшаб. Ҳамдаме нест, ки бошад ба қадаш хилъати ишқ, Ку на чун субҳ зи ғам ҷомадарон ас
Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо
Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо, З-оташам шамъ ҷудо сӯзаду парвона ҷудо. Мурдаву зинда малулам зи мулоқоти рақиб, Ҳаст деринмасале: – Гӯр ҷудо, хона ҷуд
На башар хонамат, ай дӯст, на ҳуру на парӣ
На башар хонамат, ай дӯст, на ҳуру на парӣ, Ин ҳама бар ту ҳиҷоб аст, ту чизи дигарӣ. Нури покиву фасона-ст ҳадиси гилу об, Лутфи маҳзию баҳона-ст либоси башарӣ
Дар вақти гул, ай булбул, фарёд басе дорӣ
Дар вақти гул, ай булбул, фарёд басе дорӣ, Хуш вақти ту, к-аз ҳар гул фарёдрасе дорӣ! Аз қофилаи Лайлӣ гар вопасӣ, ай Маҷнун, Ин бас, ки ба гӯш аз вай бонги ҷар
Шаб, ки рафтӣ зи барам, мӯниси ҷони кӣ шудӣ?
Шаб, ки рафтӣ зи барам, мӯниси ҷони кӣ шудӣ? Мардуми дидаи хунобафишони кӣ шудӣ? Баҳри меҳмонии ту моидаи айш кӣ сохт? В-аз лабу хат намаку сабзаи хони кӣ шудӣ?
Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, ай абри наврӯзӣ
Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, ай абри наврӯзӣ, Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ? Сияҳ шуд рӯзи ман з-ин ғам, ки гирам зулфи шабрангат, Намедонам, ки ин
Туӣ он офтоби оламорой
Туӣ он офтоби оламорой, Ки дорӣ дар дили ҳар заррае ҷой! Ҷамолатро аморӣ дар иморат Намегунҷад, суйи вайрони мо ой!
Моем шуста з-оби май даст аз ҳама олудагӣ
Моем шуста з-оби май даст аз ҳама олудагӣ, Суда саре дар пойи хум в-аз дарди сар осудагӣ. Вақте ба ишқи некӯвон будам зи буди хеш гум В-акнун ба худ дармондаам,
Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо
Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо Ҳамедиҳад хабар аз қурби ҳавдаҷи Лайло. Биё, биё, ки агар бо ту ними ҷоне ҳаст, Ба пеши ҳавдаҷи Лайлӣ нисори он авло!
Чун ҳавои боғ бо ин шакли мавзун кардаӣ
Чун ҳавои боғ бо ин шакли мавзун кардаӣ, Аз лаби хандон даруни ғунчаро хун кардаӣ. Бар лаби ҷӯ нест ин гул, бал к-аз андоми чу гул Пераҳанро бар канори ҷӯй беру
То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ
То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ, Комситон з-он майгун наӣ! То нахурӣ ғӯта ба дарёи ашк, Толиби он гавҳари макнун наӣ.
Ай ба боло балои ҷони ҳама
Ай ба боло балои ҷони ҳама, Кӯтаҳ аз васфи ту забони ҳама. Осмон аст қиблаи ҳоҷот, Остони ту осмони ҳама.
Ай чу ҷон дар дили ман ҷо карда
Ай чу ҷон дар дили ман ҷо карда, Ақлро ишқи ту шайдо карда. Ҳар кӣ имрӯз рухат дида ба нақд, Пушт бар насяи фардо карда.
Моем зи машраби муғона
Моем зи машраби муғона, Дар кӯйи муғон гирифта хона. Ҳамвора майи муғона нӯшем Бар нағмаи чанг ё чағона.
Ай шакли қаддат пайкаре аз сими соро рехта
Ай шакли қаддат пайкаре аз сими соро рехта, Ҳар дам зи шоҳон лашкаре сарҳо-т дар по рехта. То шуд дар ин бустонсаро сарви қадат болонамо, Ҳар лаҳза тӯфони бало
Ай маро аз оташи савдои ту ҷон сӯхта
Ай маро аз оташи савдои ту ҷон сӯхта, Пераҳан аз тан, тан аз дил, дил зи ҳиҷрон сӯхта. Оташи дил барзада аз синаи чокам алам, Куҳнадалқам аз гиребон то ба домон
Сарви ман, бар рухи гул ҷаъди сумансой манеҳ
Сарви ман, бар рухи гул ҷаъди сумансой манеҳ, Гирди маҳ силсилаи зулфи шабосой манеҳ. Бин гирифтории аҳли назар, аз баҳри Худо, Дида бар акси рухи ойинаорой ман
Ай ба хубӣ рухи ту аз маҳ беҳ
Ай ба хубӣ рухи ту аз маҳ беҳ, Қиссаи моҳ бо ту кӯтаҳ беҳ! Бар маҳ он рух чаро кунам ташбеҳ, Тарки ташбеҳи номуваҷҷаҳ беҳ!
То ба чашми ту сурма раҳ карда
То ба чашми ту сурма раҳ карда, Хонаи мардумон сияҳ карда. Соли ту чордаҳ накарда тамом, Номи ту моҳи чордаҳ карда.
Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада
Гулро фарози шох бин дар ҷилваи ноз омада, Шарҳи ниёзи хешро булбул навосоз омада. Домони дашту гулшан аз лаълу зумуррад пур шавад, З-ин сон, ки ганҷури замин г


