Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо
Биё, биё, ки садои дирову бонги ҳудо
Ҳамедиҳад хабар аз қурби ҳавдаҷи Лайло.
Биё, биё, ки агар бо ту ними ҷоне ҳаст,
Ба пеши ҳавдаҷи Лайлӣ нисори он авло!
Ба ғайри ишқ маро нест даъвие ба ҷаҳон,
Худо гувост, ки ман содиқам дар ин даъво.
Ҷамоли ёр дар ағёр кай тавонӣ дид,
Накарда чашми шуҳуд аз ғубори ғайр ҷило?
Сафои машраби риндон чӣ суд зоҳидро?
Наёфт баҳра зи миръот дидаи аъмо!
Самои қавли аласт аз худам чунон бирабуд,
Ки боз менашиносам аластро зи бало.
Зи завқи ишқ чу холӣ бувад сухан, Ҷомӣ,
Чӣ суди ҷавдати лафзу ғаробати маъно?!