Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо

Ҳар шабе аз ту дар ин гӯшаи кошона ҷудо, З-оташам шамъ ҷудо сӯзаду парвона ҷудо. Мурдаву зинда малулам зи мулоқоти рақиб, Ҳаст деринмасале: – Гӯр ҷудо, хона ҷудо. Чу зи бегонагият гиря кунам бар ғами хеш, Аз ғамам хеш ҷудо гиряду бегона ҷудо. Дил, ки маҳрум нишаста-ст аз он оразу хол, Монда мурғест ҳам аз об, ҳам аз дона ҷудо. Чунки машшотасифат чеҳраву зулфороӣ, Кушад аз ғайратам ойина ҷудо, шона ҷудо. Ай, хуш он муфлиси аз пойфитода зи хумор, К-аш сабӯ даст ҷудо гираду паймона ҷудо. Назми Ҷомӣ дигару гуфтаи воиз дигар аст, Сирри тавҳид ҷудо бошаду афсона ҷудо.