Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
* * *
То дили шаб сайру гашти боғҳо, То дили шаб рақсу бозию суруд. То дили шаб чун таноби нуқрагӣ Дасти ту бар гарданам печида буд.
ТУ БОШИЮ МАНУ ИН КӮҲСОРОН
Ту бошию лаби дарёи кӯҳӣ, Ҷавонию хумори ношикаста. Ту бошию бари домони саҳро, Бароят гул бичинам даста-даста.
КАБӮТАРҲО
Даруни номаат ҷуфти кабӯтар, Даруни номаат расми диле буд, Даруни номаат барги гули тар Фурӯзон чун забони машъале буд.
РОҲИ ҚУЛЛАҲО
Ҳар кӣ хоҳад бар баландиҳо барояд босубот, Ҳар касе хоҳад гузорад по ба тори қуллаҳо, Дар раҳи пурпечухам сӯи фарозиҳои кӯҳ Мекунад таъзим доим, мешавад қаддаш
ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ
Ба омоче, ки мероси худоист, Замини бандагиро карда шудгор, Гузашт ӯ сарҳади бечорагиро, Ба бахту бо замин шуд ҷовидон ёр.
СУРУДИ ИФТИХОР
Ба рӯи ин замини беканора На шахси аввалин, на охиринам. Шуои моҳро аз чоҳ ёбам, Гули хуршедро аз хок чинам.
БАҲОРИ КӮҲИСТОН
Лола – раққосаи машъалдоре, Бойчечак – шафақи субҳона. Сабзаҳо – кокули нобофтае, Мезанад бод ба нармӣ шона.
ДУХТАРИ РУСТОӢ
Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус, Набастӣ захмҳои аскаронро. Накардӣ сила бо дастони нармат Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро.
ОДАМИ ХОКӢ
Ахтарони фитода аз афлок Бори дигар ба осмон н-оянд. Сарнагун уфтода аз гардун, Гӯшаеро зи худ наороянд.
ҶОГАҲИ ХОЛӢ
Ҷогаҳи холист чун тирдони холӣ, Тир аз он рафта кайҳо бар нишон... Ҷогаҳи холист пур аз қаҳрамон, Пур зи ёду ёдгори қаҳрамон.
КИШТИИ ФАРДО
Шаҳр ҳамчун киштие дар рӯи баҳр Ҷовидонӣ лангар афкандаст дар баҳри ҳаёт. Пойдевораш на аз оҳан, на аз фӯлод, Балки аз ҷавонист.
МӮЙСАФЕДОН
Баҳор ояд, чу вақти кишт ояд, Замин ҳамчун дили ошиқ биҷӯшад. Ҷавону пир баҳри ҳосили нав Саҳар то шом дар саҳро бикӯшад.
БА ЧАШМИ ТУ
Гузаштам аз раҳу бероҳаҳо, аз кӯҳу дарёҳо, Зи даштистони бедоду зи бефарёд саҳроҳо. Гузаштам бе ту шабҳо кӯчаҳои ширгуни Каҳкашонро,
ДУМБУРА
Реза-реза медавад асп, Аз ҳаво намреза мерезад ба рӯю чашмҳояш. Мешавад ҳар тори ёлаш шаддаи зебои марҷон. Рӯи зин биншаста як зебоҷавон,
КӮҲИСТОН
На масҷид монда, на минбар, ҳама вайронаву абтар, Намеояд дигар бар гӯш овози азонхоне. Ба тоқу бар равоқи хонақоҳи бехудо холӣ
БАЧЧАГӢ
Ба бародарам Шариф Суруди яккафарёди шабонгоҳии хирманкӯб Ба гӯшам мерасад аз дуру дилро медиҳад ковиш. Дилаш монанди саҳро бекарон асту саховатманд,
ЗИНДАГӢ (2)
Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон, Ҳам ба сӯи дашти бирён, ҳам ба сӯи гулситон, Кафки мавҷаш ҳамчу риши мӯйсафедон Пур зи асрор асту пур аз ҳикмат аст.
* * *
Ман он сайёди гӯлу сода будам, Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам, Тамоми рӯз биншастам ба соҳил, Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.
АҚРАБАКҲОИ СОАТ
Ақрабакҳои соати дастат Соате баъд рӯ ба рӯ оянд. Баъди саргаштагии кӯтоҳе Боз оянду роз бикшоянд.
ЭЙ ҶАВОНӢ...
Мекунӣ шаккокию густохиҳо Бо худоёни замину осмон. Мехурӯшӣ, меситезӣ, Мекушоӣ роҳи худро
* * *
Чӣ бояд бар тани мурда либоси шоҳӣ пӯшондан, Ба ҳамёнаш ниҳодан дастаи пул, пораи тилло? Ягон пурсанда он ҷо пораю ришва намехоҳад, На рӯбинанду хотирҷӯ «муфатт
* * *
Буриданду ба гӯрат чӯб карданд Ниҳоле, ки шинондӣ чун нишона. Туро бо ин ҷаҳон аз хеш пайванд Ба ҷуз ин нахл чизе буд ё на?
* * *
Қалам бо он камию кӯтаҳияш Сутуни зиндагии бениёз аст. Туро дорад муаллақ дар фазоҳо, Чу лангарчӯби дасти дорбоз аст.
ЗАМИНИ МЕРОСӢ
Ман дар ин ҷо посбонам, Посбони зиндагону рӯҳбони мурдагонам. Баҳри фардо, баҳри истиқболи нурафшону зебо Дастовези азизи модаронам.
ТИРАМОҲ
Осмони тозарӯ шуд тирарӯ, Токҳоро гӯр карданд. Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд, Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон,

