Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ЭЙ КАБКИ ДАРӢ
Эй кабки дарӣ, ту будӣ озод, Дар сар-сари санг мепаридӣ. Дар қуллаи пойпораи кӯҳ Аз ҳеҷ касе намерамидӣ.
* * *
Ту хушбахтӣ? Ту ҳоло дар куҷоӣ? Шаби маҳтобу роҳи Каҳкашонро, Шукуфазори боғи осмонро
ЗАХМҲО
Дар шаҳри Пушкино, наздикии Ле- нинград дар боғҳои Екатерина ва Пушкин бист сол боз табибон дарахтҳои маҷрӯҳро ҳамчу инсон
ФАРЗАНДИ КӮҲСОР
Шудам пазмони оби чашмасорон, Равам, дар кӯҳсорон хона созам. Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ, Ба худ як олами афсона созам.
МАРО ХУШБАХТ КУН, ЭЙ ГУЛ
Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо, Маро хушбахт кун, эй гул! Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз, Ба даври гардани худ ҳалқаи дасти маро овез.
БИҲИШТИ ГУМШУДА
Маро ҷустӣ, ки ёбӣ боз он дилдодаи дерин? Чаро беҳуда мекобӣ? Маро дигар намеёбӣ. Ман андар хобҳои мастӣ будам бехуду беёд,
ЧАРОҒАТРО ФУРӮЗОН КУН
Ба ту ошиқ шуданду роз гуфтанд, Суханҳои ҳавоӣ гуфта рафтанд. Чу диданд ошёни ту баланд аст, Ба пастиҳои дигар раҳ гирифтанд.
* * *
Ошиқам бар сари афрохтае, Ки ба хокӣ буданаш афлокист. Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он Хандаи пурҳияли шайтон нест.
ҲАСРАТ
Кӯр шуд роҳ миёни ману ту, Канда шуд ҳалқаи пайванд дигар. Баъд аз ин роҳ ба манзил набарад, Баъд аз ин роҳ дигар, банд дигар.
ҒАНИМАТ
Ист, ин лаҳза-ст нотакрор, ёр, Шоҳиди ҳастии ҳамдигар шавем. Ту ба ман, ман дар ту ҷо ёбему зуд Аз барои ҳамдигар раҳбар шавем.
ДАР НИМАРОҲ
Даратро кӯфтам, н-омад садое, Сукути хилвати шаб шуд мазорам. Ҳар он чи буд бо ман, рафт аз даст, Ба гӯри хеш ҳам лавҳе надорам.
* * *
Ман ӯро мешиносам. Китоби ҳастии ӯро нахонда, Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо? Агар донед, к-ӯ ҳам
ОХИРИН НЕКӢ
Туро номурда куштам ман, Туро дар хеш гӯрондам. Биё, худро зиёрат кун! Биё, як дам нишин дар гӯшаи вайронаи қалбам,
ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ
Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ, Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният ғуруби офтобатро. Ба он ёде, ки дар ман лона дорад,
ҶАВОНӢ
Ба дӯстам Меҳр Ману ту ҳар ду ҷавонем, рафиқ, Шоҳиди фасли ҷавонии ҳамем. Роҳ яктост, вале дил як нест,
СУРУДИ ХАЙРБОД
Ба ёди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев Боз меояд баҳору боз механдад чаман, Нури маҳ дар рӯи раҳ аз сояҳо гул меканад.
НӮШБОД
Ба дастам ҷоми хайёмӣ, Лаболаб ҷоми гулфоме. Дар ӯ ёди ниёгон аст, ҳам ашки бузургон аст, Дар ӯ шаҳди замину шуълаи хуршеди тобон аст.
ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ
Ба Ҳ.Ҷ. Навбаҳор асту зи гулзор гуле ночида, Дами гарм асту ба дилҳост вафо нақд ҳанӯз. Сари субҳ асту нафасҳост ба ҳам печида,
ЭЙ ДИЛИ ПУРОРЗУ, ҒАМГИН МАШАВ
Ба дӯстам Дӯст1 Эй дили пурорзу, ғамгин машав, Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ Гоҳ гумроҳему гоҳо сарварем,
АНДЕШАҲО ДАР САРИ СУБҲ
Домони осмонро бо шӯълааш дарида, Хуршед чеҳра бинмуд чун духтари ҳамида. Бо худ ба ман чӣ орад ин субҳи навдамида? Кӯтоҳ умри одам аз умри зоғу каргас,
ТОРҲОИ НОНАВОХТА
Ҷавонӣ, масти ҳусну обутобӣ, Ба рӯи ганҷи Қорун менишинӣ. Агарчӣ нестӣ Лайлӣ, валекин Ба истиқболи Маҷнун менишинӣ.
РОҲИ ДИЛҲО
Ба муносибати гузошта шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ Кашида мил бар чашмаш, варо ронданд аз даргоҳ,
ДИДГОҲИ ХОТИРА
Ба чашми нимбедорат, ба рухсори гули норат, Ба ҳар як пилтаи абрӯ, ба обу тоби гесӯят, Ба лабҳои гулобиранг, гашти қадди дилҷӯят, Бубахшидам ҷавониро,
МУҲАББАТИ АВВАЛ
Самои нилкору шӯълаи субҳонаи хуршед, Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро Дилам дар хеш пинҳон дошт, Меболид, меҷӯшид,
* * *
Гумон дорӣ, ки баъди бо ту будан, Пас аз бо ту нишастан, роз гуфтан, Сари зулфи туро бозӣ намудан, Бувад чизе кирои боз гуфтан?

