Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ДАР НИМАРОҲ

Даратро кӯфтам, н-омад садое, Сукути хилвати шаб шуд мазорам. Ҳар он чи буд бо ман, рафт аз даст, Ба гӯри хеш ҳам лавҳе надорам. Замин як вақт зери пои мо буд, Кунун чун торуми гардун баланд аст. Замин як вақт ҷавлонгоҳи мо буд, Кунун ҳар ҷо, ки по монам, каманд аст. Ҷаҳони хобҳои бехалалро Аҷузи баддили кобус бигрифт. Русуми дардмандиву мурувват Зи аҳли ёри ишқомӯз бигрифт. Тасодуф як саховат карду онро Зи нав бигрифту аз мо ҷовидон бурд. Ҳама уммедҳо сурат набаста Чу парри каҳ ба чанги бод биспурд. ... Зи аввал қисмати ман бебарор аст, Пиёда меравам бо шаҳсаворон. Чӣ медонанд мардум, кистам ман, Гулеро дида мехоҳам баҳорон... «Зи масҷид монда, аз майхона ронда», Ба ҳабси хеш побандам ҳамеша. Агар хоҳам бурун оям ман аз худ Ба ҷои дигаре рафтан намеша. Вале худро гуселонам ба раҳ боз Агарчи гум шудам роҳи назора. Ситора аз само афтоду гум шуд, Само аммо намонда беситора!..