Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЗАХМҲО

Дар шаҳри Пушкино, наздикии Ле- нинград дар боғҳои Екатерина ва Пушкин бист сол боз табибон дарахтҳои маҷрӯҳро ҳамчу инсон табобат мекунанд. Мечакад об – Мечакад хун То ҳанӯз аз захми тири душманон, Аз тану аз шохҳои нахлҳои безабон. Барг сабзу навда сабз, Шохсорон шоду шодобанд аз модар-замин. Лек як ҷои дарахти сабз хунин аст, – Доғи лаънат, Мӯҳри нафрат, Бар фашистони лаин. Реша дар хок, Сар ба афлок, Сӯи хуршеди ҷаҳонафрӯз боло мешаванд Нахлҳои хурд аз нав чун сари сабзи ҷавон. Зери шоху сояи он нахлҳои захмдор Нахлҳои сабзу хуррам комронӣ мекунанд. Нахли маҷрӯҳ мисли модар Кӯдакони хешро Зери боли шохаҳояш посбонӣ мекунад, Гӯӣ мегӯяд ба гӯши хасми бераҳму ҷигар: «Нестам ман хом чун андешаву кори шумо, Нестам бадоқибат монанди кирдори шумо, Марги ман чун марги нангини шумо осон нашуд, Пайкарам рӯзи шикаст аз тарс, Аз шармандагӣ ларзон нашуд. Ман ба як ҷо реша дорам, Чун шумо бехонумон, бедард, беимон наям. Хок шоҳид, Об шоҳид, Ман Ватан дорам, ба монанди шумо сарсон наям, Ё гумон кардед монанди шумо берешаам, бепояам?!