Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Маро дар кӯчаҳои шаҳр бинӣ
Маро дар кӯчаҳои шаҳр бинӣ Гаҳе сархам, гаҳе шӯридахотир. Маро гаҳ шӯху гаҳ бадқаҳр бинӣ, Гаҳе розӣ, гаҳе қаҳрӣ зи тақдир.
ҒАЗАЛИ ДАРЁ
Ман он рӯдам, ки андар роҳи туғён На санги раҳ, на соҳил мешиносам. Ман он дарёи пурошӯбу якрав, Ки танҳо шеваи дил мешиносам.
ТАРОНА
Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро, Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро. Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе, Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.
МАН ҶАВОНАМ...
Ман давоми рӯзгори рафтагонам, Ман нишони одамони бенишонам. Ман ба ҳар як аскари азёдрафта Ёдгори бегазанди ҷовидонам.
МАН НАМЕМИРАМ
То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро, То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро, То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро, То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замо
СИЛСИЛА
Аз раҳи хоксорӣ баъзеҳо Дар назар гарчи ноаён ҳастанд, Лек аз баҳри гулханафрӯзӣ Гӯиё пешдаргирон ҳастанд.
КОРВОНИ КӮҲҲО
Ба зери болиши кӯдак гузоранд Ба рӯзи нийяти гаҳворабандон Зи рӯи расм як нони тамоме, Ки бахти комиле ёбад зи даврон.
РУҶӮИ ДОСТОНЕ, КИ ҲАРГИЗ НАМЕТАВОНАМ НАВИШТ
Ҳар саҳар ман бор мебандам ба аспи раҳсипори офтоб, Корвонам бори дилҳо мекашад – аз уфқ то уфқи дигар.
* * *
Онҳо, ки замини модаронро Чун хокшинос мешиносанд, Андоза кунанд бо қадамҳо Ҳар роҳи варову сар набозанд.
* * *
Ҳар он к-ӯ мард буду заҳрае дошт Ба майдон омаду майдонталаб буд. Ҳамеша бесилоҳ, аммо батадбир Баору нангу боному насаб буд.
* * *
Дӯстон, хушбахт бошед, Дар ҷаҳон бо ёри хушгил! Дӯстон, хушвақт бошед, Дар дили ёрони хушдил!
ЗАНГӮЛА
Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ, Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон. Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре, Дигаре бигзашт аз ёраш ба ҳукми дига
* * *
Чу хонам шеърҳои тозапардоз – Ба ранги нав ҳама такрори пешин, Бигӯям, – офарин бодо ба Хайём, Ки беподош гуфт абёти рангин!
ЁДИ ЗОДГОҲ
Арчаҳои сабз – қадди хоҳарам, Сабзаҳояш – хатти сабзи додарам. Кӯчаҳои тангу беному рақам – Роҳҳои саргузашти модарам.
ЗАМИН (1)
Бисёр саворагон бидидам, К-аз фахр ба арш мерасиданд, Биншаста ба рӯи зини заррин, Аз синаи Моҳ мемакиданд.
ҶАШНИ ҲАЖДАҲСОЛАГӢ
Кӣ аз модар ду бор таваллуд шудааст? Кӣ ду бор кӯдак будааст? Кӣ ду бор ба ҳаждаҳ даромадааст? Нестӣ нахли дубар, эй нозанин,
ШЕЪРИ НАВ
Ба Мӯъмин Қаноат Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав, Ҳамчу тифли инқилоб Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб.
МАРО ЯК ФОЛ ЗАН, ЭЙ ЛӮЛИДУХТАР
Маро як фол зан, эй лӯлидухтар, Ки сарфолӣ диҳам ин ҷону ин сар. Маро як фол зан, бахти маро ёб, Ки чун рӯи ту бошад поку дилбар.
КӮЗАИ ОРМОН
Пайроҳае, ки мову ту даврони баччагӣ То шоҳраҳ наомада, аз ҳам ҷудо шудем, Имрӯз кӯр гаштаву қолини сабза аст. Аз ҳам ҷудо шудем мо,
СУРУДИ МЕҲНАТ
Чӣ гум кардӣ, ки меҷӯӣ саҳар то шом дар саҳро? Ҷавонӣ? Гармии дил? Гармии даст?
КИТОБИ САНГИН
Ба рӯи санги қабри хоксоре Чунин ҳак гашта байти обдоре: «Маро бо хоҳиши ман н-офариданд, Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам.
ДОСТОНИ ДАСТҲО
Ҷӯяҳо монанди чини рӯи деҳқон, Пунбаи бишкуфта ранги мӯи деҳқон, Пунба хандон, домани саҳро шукуфон, Чун дили поку ҳақиқатҷӯи деҳқон.
* * *
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман, Шаби бемоҳ буду беситора. Садоят буд ларзону шикаста, Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.
* * *
Ҳар чӣ арзон бошад, онро дар масал «Мисли хок арзон» бигӯянд одамон. Хок бисёр аз тамоми ганҷҳо, Ганҷҳое, ки дар ӯ бошад ниҳон.
ТОҶИ АРӮСӢ
Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй, Пеши пою қадамат гул мерехт. Қул-қули шишаи май бар гӯшат Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт.

