РУҶӮИ ДОСТОНЕ, КИ ҲАРГИЗ НАМЕТАВОНАМ НАВИШТ
Ҳар саҳар ман бор мебандам
ба аспи раҳсипори офтоб,
Корвонам бори дилҳо мекашад –
аз уфқ то уфқи дигар.
Ҳар саҳар аз нав таваллуд мешавам
аз модари шаб,
Рӯй мешӯям ба нури обшори офтоб.
Ҳар саҳар то меҳр варзам бо арӯси рӯзи нав,
То ба дарёи равони одамӣ якҷо шавам,
Худ ба худ андеша месозам: ман охир кистам?
Аз куҷоям? То куҷоям?
Дар ҷаҳони пуртакопӯ аз барои чистам?
Ман ҷавонам, лек ҳастам аз «Авасто» пиртар,
Ман ба гирди оташи суғдон басо рақсидаам.
То шавам меъмори хоку ҳамҷавори офтоб,
То кашам бори замину дӯшбори офтоб,
Умрҳову асрҳо бар гирди худ гардидаам.
Бо гуноҳи бегуноҳӣ борҳо қурбон шудам,
Бо «вубол»-и ҷонфишонӣ борҳо беҷон шудам,
Гоҳ қурбони худо, гаҳ ғозии Қуръон шудам,
Гаҳ ғуломи Темуру гаҳ абди Чингизхон шудам,
Гоҳ Фирдавсию гоҳо Рустами дастон шудам.
Мешиносам хонаи бобои суғдамро ҳанӯз
Ҳамчу ганҷе дар қабатҳои замини бурдбор,
Мешиносам хонаи худро, ки ворун гашта
дар Афросиёб,
Мешиносам ман сари худро қатори
он қадар сарҳои саркаш,
Дар қатори хиштҳои сарманору қасри Темур.
Мешиносам хуни худро, ӯ мисоли ҷӯи об
Ҷорӣ мегардад ба дарёҳои хуни асри Темур.
Ман ҷавонам,
Ман ҷавонии замини тоҷиконам,
Бори тақдири варо аз бостон то ҷовидон
Ман ба дӯшам мекашонам.
Тоҷикистон – сарзамини камзамини кӯҳсор,
То зи файзи дилкушодиҳои фарзандони худ
Боз паҳновар шавад,