КӮЗАИ ОРМОН
Пайроҳае, ки мову ту даврони баччагӣ
То шоҳраҳ наомада, аз ҳам ҷудо шудем,
Имрӯз кӯр гаштаву қолини сабза аст.
Аз ҳам ҷудо шудем мо,
Оё куҷо шудем?!
Он кӯзае, ки тори сар бинҳода ҳар ғуруб
Меомадӣ ба ҷониби сарчашма баҳри об,
Дар нимараҳ ба ёди кӣ бишкасту об рехт?
Ларзид ногаҳон чаро он пайкари батоб?
Он курсиҳои мактабӣ аз мо чӣ дидаанд?
Дарси ҳисоб омада бедафтару китоб,
Бӯсида пӯпаки туро пинҳон зи устод,
Бишмурда кокули туро омӯхтам ҳисоб.
Чил кокули маҳини ту чилтори ман буданд,
Оҳангҳои ишқи ман з-онҳо баланд шуд.
Ду милаи сиёҳи ту дутори ман буданд,
З-оҳанги рез-резашон ҷонам ба банд шуд.
Рухсораат чу зарварақ рахшону зарфишон,
Пешоният чу коғази афшон ситорарез.
Ду чашми ту – ду каффаи мизони ошиқӣ,
Гаҳ моили муруввату гаҳ моили ситез, –
То ҳол пеши дидаам пайдо шавад мудом,
Ҳар гаҳ ба ёд оварам, хун мешавад дилам.
Дар мулкҳои баччагӣ бесуд ҷӯямат,
Дар роҳҳои баччагӣ раҳ меравад дилам.
Бингар қатор меравад чун фасли баччагӣ
Оҳанраҳ аст як раҳу ду хат зи ҳам ҷудо.
Ду хатти раҳ – ду милаи пурпечутоби туст,
Ҳамроҳ меравад, вале аз ҳам ҷудо чу мо.
Инак қатор аз бари саҳрою даштҳо,
Аз ағбаҳои саҳмгин, аз рахнаҳо гузашт.
Эй шоҳиди муҳаббати бедоғи баччагӣ,
Он ишқи лавҳсодагӣ аз мо чаро гузашт?!
Он чашма то ҳанӯз ҳам фаввора мезанад,
Он кӯзаи дудастаат аммо шикасту рафт.
Ёди ту мушт бар дили садпора мезанад,
Аммо чӣ суд?
Чун хато дар аҳд аз ту рафт...