Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

* * *

Чӣ бояд бар тани мурда либоси шоҳӣ пӯшондан, Ба ҳамёнаш ниҳодан дастаи пул, пораи тилло? Ягон пурсанда он ҷо пораю ришва намехоҳад, На рӯбинанду хотирҷӯ «муфаттишҳо»-и он дунё. Либоси шоҳӣ айбашро, гуноҳашро напӯшонад. Нагардад ҳеҷ кӯшиш пахтаи пеши табар он ҷо. Замин беҳуда нафрӯшад ба пул ё хирмани тилло Ҳаёти ҷовидониро – давоми зиндагониро...