Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

* * *

То дили шаб сайру гашти боғҳо, То дили шаб рақсу бозию суруд. То дили шаб чун таноби нуқрагӣ Дасти ту бар гарданам печида буд. Мефитод аз гумбази сабзи фалак Гарди маҳ бар гумбази мӯи сарат. Шаҳр масти хоб, танҳо музтариб Сӯи дар чашмони чори модарат... Он қадар хушбахт будию ғанӣ, Он қадар бахтат ҷавон буду баланд; Кӯчаҳои холию хомӯши шаб Аз садои хандаат пур мешуданд. Моҳи зинда қолаби рӯи ту буд, Ханда гул мекард дар рухсораат. Мавҷи гесуят зи шӯхии насим Парда мешуд бар рухи маҳпораат. Осмони ахтарафшон тоза буд Чун ҷаҳони орзуҳои ҷавонӣ. Парда-парда боз мешуд рози дил Мисли рози сарбамӯҳри осмонӣ. Пой мемондӣ ба болои замин Чун фаришта бебалову бегуноҳ. Оташак месӯхт дар чашмони ту, Оташе бар оташи ишқат гувоҳ. З-он нафасҳои азизи зиндагонӣ Ёд агар орӣ, дилат таҳ мезанад. Маҳ, ки шоҳид буд бар он саҳнаҳо, Бо ту дар як хона хиргаҳ мезанад... То дили шаб сайру гашти боғҳо, То дили шаб рақсу бозию суруд. То дили шаб чун таноби нуқрагӣ Дасти ту бар гарданам печида буд.