Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ошиқӣ ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Ошиқӣ ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ! Хорият ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ! Гунаи ҷавоният гунаи хазонӣ шуд, Фасли бесамар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа,
Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа, Бо дуруштиҳот чун созам ба ин табъи нафиса? Ҳар касеро баҳри коре офаридӣ, хуб кардӣ, Чашми ин бар чашми коса, чашми он
Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард,
Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард, Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард. Тароват кӯч бандад аз ҳарими равшани гулшан, Намонад як гул аз боғи
Ту хуштарин таронаи дили манӣ,
Ту хуштарин таронаи дили манӣ, Ту умри шоиронаи дили манӣ. Туӣ, ки барқ мезанад ҷавониям, Ту нури ошёнаи дили манӣ.
Дигар зи сӯзи дил номе намондааст,
Дигар зи сӯзи дил номе намондааст, Аз базми ошиқӣ ҷоме намондааст. З-он оташи баланд аз ишқи дилписанд Ҷуз чанд мисраи хоме намондааст.
Чашмаи хушкидаӣ, миннат ба дарё мекунӣ,
Чашмаи хушкидаӣ, миннат ба дарё мекунӣ, Мурдарегӣ, сарзаниш бар кони тилло мекунӣ. Қуллапаймоям, ту поин мекашӣ бар пои кӯҳ, Пузи худро аз ману аз чарх боло мек
Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд,
Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд, Як ҷаҳон шӯри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд. Омадӣ бо гесӯи чун обшорон рез-рез, Шодии ҷони ғарибам дур аз тасвир буд.
Агар ёдат кунам, хуршеди пуранвор механдад,
Агар ёдат кунам, хуршеди пуранвор механдад, Ба болои сарам ин гунбади даввор механдад. Ба ёди ганҷи рози ту, аё зебои кӯҳистон, Тамоми ганҷҳо дар синаи куҳсор м
Эй шӯри ҷаҳони ман, эй ишқи ҷавони ман,
Эй шӯри ҷаҳони ман, эй ишқи ҷавони ман, Дар пои дарахти хушк, эй оби равони ман. Дар мазраи хушкида борони нумӯафзо, Дар синаи беуммед уммеди нишони ман.
Эй он ки хонӣ хешро боэҳтиромтар,
Эй он ки хонӣ хешро боэҳтиромтар, Худро ҳалол дониву моро ҳаромтар. Гар хурдӣ шири пухта зи пистони модарат, Дар чашми пухтаат агар моем хомтар.
Бесарупоем, аммо даст дар корем мо,
Бесарупоем, аммо даст дар корем мо, Бо ҳама девонагиҳо боз ҳушёрем мо. Бо ҳазорон сахтӣ гар роҳи ҷаҳонро ёфтем, Нармрӯю нармдил фарзанди куҳсорем мо.
Ҳамраҳи айём будам, аз раҳи айём рафтам,
Ҳамраҳи айём будам, аз раҳи айём рафтам, Дар талоши ном будам, оқибат гумном рафтам. Дар миёни ҳарбу зарби мадду ҷазри зиндагонӣ Мавҷи беором будам, хомушу ором
Ҳар лаҳзае, ки аз бари ман дур мешавӣ,
Ҳар лаҳзае, ки аз бари ман дур мешавӣ, Эй офтоби умри ман, камнур мешавӣ. Биноӣ дошт чашми ту аз нури ишқи ман, Қадри маро надонӣ агар, кӯр мешавӣ.
Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам,
Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам, Дар рӯи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам. Аз ахтари чашмонам ҳар гӯша фурӯзон буд, Ҳам нури замин будам, ҳам нури
Холист барам бе ту, бебаҳру барам бе ту,
Холист барам бе ту, бебаҳру барам бе ту, Дунёст ба сони гӯр андар назарам бе ту. Аз бому дари умрам хуршеди рухат метофт, Ҷуз дард намеборад аз бому дарам бе ту
Баҳорам гузашт аз хазонам чӣ суд?
Баҳорам гузашт аз хазонам чӣ суд? Зи суду зиёни ҷаҳонам чӣ суд? Басо обам аз сар чу бигзаштааст, Тамошои оби равонам чӣ суд?
Бадбахт одаме, ки надорад нишони худ,
Бадбахт одаме, ки надорад нишони худ, Бо ақл барнамекашад суду зиёни худ. Бебаҳра ошиқе, ки ниҳон оҳ мекашад, Рози ҷаҳон намекунад рози ниҳони худ.
Аз ҷустуҷӯи хеш ба дунё расидаам,
Аз ҷустуҷӯи хеш ба дунё расидаам, Дар қатра ғарқ гашта, ба дарё расидаам. То доштам муҳаббату шӯру ҷунуни дил, Сад даштро гузашта, ба Лайло расидаам.
Осон куҷо ба маснади иззат расидаем,
Осон куҷо ба маснади иззат расидаем, Баъд аз ҳазор хорию зиллат расидаем. Дар хуни хеш ғарқаи гирдоб будаем, Ҷон додаву ба ҷониби давлат расидаем.
Бе ҳусни ту ҷавонии ман пир мешавад,
Бе ҳусни ту ҷавонии ман пир мешавад, Уммеди шодмонии ман пир мешавад. Гар ҳамдилам намешавӣ як лаҳза дар ҷаҳон, Ишқи дили ҷаҳонии ман пир мешавад.
Алами олами дерин ишқ аст,
Алами олами дерин ишқ аст, Лаззати қисмати ширин ишқ аст. Даст бар даст задан кафкӯбист, Сина бар сина задан ин ишқ аст.
Лаҳзаҳое, ки ғазал мегӯям,
Лаҳзаҳое, ки ғазал мегӯям, Оҳ аз дасти аҷал мегӯям. Мисраеро, ки бигӯям хомӯш, Радди ҳар шӯру мағал мегӯям.
Аз баҳоре то баҳоре рафтаам,
Аз баҳоре то баҳоре рафтаам, Аз нигоре то нигоре рафтаам. Умри ман чун қулла пушти қулла буд, Аз бароре то бароре рафтаам.
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт,
Месӯхтам зи ишқи ту, сӯзам асар надошт, Мемурдам аз нигоҳи ту, чашмат назар надошт. Мехостам дили туро донам чу рози ғайб, Мекостам зи дарди ту, ҳуснат хабар на
Агар зи хок омадам, ба хок боз меравам,
Агар зи хок омадам, ба хок боз меравам, Вале ба сарнагуниям чи сарфароз меравам. Чи бениёз мешавад зи ман замини безабон, Зи нозҳои гулрухон чу бениёз меравам.

