Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2627

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1741

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1471

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1400

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1163

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1060

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1048

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 848

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 839

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 801

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 756

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 740

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 739

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 708

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 701

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 676

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 645

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 644

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 636

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 634

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 621

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 603

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 596

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 595

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 568

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад,

👁 18

Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад, Макун диранг, ки бисёр тез мегузарад. Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст Вагар ки нест ба дастат пашиз, мегузарад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ,

👁 25

Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ, Агар бақо кунӣ бо ман, бақои умри манӣ. Агар ба хотири дил мисли мавҷ бо соҳил Суруди ишқ бихонӣ, садои умри манӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам,

👁 21

Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам, Ба чандин орзуят дар мақоми дил намебинам. Ту вақти ҳар ғурубе меравӣ чун офтоб аз ман, Вале чун ахтари шомат ба шо

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ,

👁 25

Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ, Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунӣ. Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту, Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт,

👁 25

Ҷамоли ғунча надидӣ, баҳор омаду рафт, Гуле ба даст начидӣ, баҳор омаду рафт. Чӣ кӯҳзодаӣ, дар домани биҳиштии кӯҳ Зи домане накашидӣ, баҳор омаду рафт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,

👁 27

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям, Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям, Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро ҷавон кард,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Худ ба ними роҳу ангези рашодат мекунем,

👁 21

Худ ба ними роҳу ангези рашодат мекунем, Худ даруни чоҳу сӯи маҳ ишорат мекунем. Хешро носохта, бо асли худ нагдохта, Дур аз лутфему даъвои латофат мекунем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман,

👁 34

То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман, То туӣ замини дил, бурҷи осмонам ман. Бе ҳузури дидорат дар ҷаҳон ҳузурам нест, То туӣ ҷаҳони ман, ошиқи ҷаҳонам ман.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ошиқи дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,

👁 22

Ман ошиқи дили туам, на ошиқи ҷамоли ту, Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту. Маро ғами ту мехурад, ғами маро намехурӣ, Вафои ман савоби ман, ҷафои ту вубол

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бинам зи савдои ҷаҳон савдои дил, савдои дил,

👁 22

Бинам зи савдои ҷаҳон савдои дил, савдои дил, Ақсои олам бошадам ақсои дил, ақсои дил. Ин ҷою он ҷои ҷаҳон чунки даме осуда нест, Ҳар дам ба дард ояд маро ин ҷо

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй сари ҳама сарсон, маншаи мағал аз туст,

👁 25

Эй сари ҳама сарсон, маншаи мағал аз туст, Шеъри бебадал аз ман, тири бебадал аз туст. Баҳри ту ғазал хондам, як ҳиҷо нафаҳмидӣ, Дафтари ғазал аз ман, дафтари а

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То зинда бошам, меравам бар кӯи ту

👁 17

То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил, То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил. Ту – навбаҳори шеъри ман, барқу шарори

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам,

👁 20

Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам, Ман замини рӯҳамро роҳи раҳравон кардам. Омадам дар ин дунё, рафтаму надонистам, Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину он кардам

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй дил, эй дил, зинда дар дунёӣ бо дунёи худ,

👁 28

Эй дил, эй дил, зинда дар дунёӣ бо дунёи худ, Метапӣ рӯзу шабон бо ҷумла армонҳои худ. Гарчи ҳар дам мебарандат ҷилваҳои гулрухон, Меравию боз побарҷостӣ дар ҷо

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона,

👁 15

Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона, Мерасад умрам ба поён мисли поёни фасона. Ман саропо шеър будам, чораю тадбир будам Ҳам ба зери осмону ҳам ба зери ос

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам,

👁 22

Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам, Бо пару боли қавӣ дар авҷи парвозе бимирам. Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ, Зиста риндона, ҳам ринди на

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баҳор омаду домони теппаҳо сабз аст,

👁 18

Баҳор омаду домони теппаҳо сабз аст, Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст. Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо, Нигоҳу чашму дилу ҷони одамо сабз аст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд,

👁 14

Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд, Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд. Ошно нобуда бо дарди замону зиндагӣ, З-ошноӣ бо сухан даъвои оше кардаанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам,

👁 14

Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам, Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мехоҳам. Ба пои ёр ба монанди арғувони баҳор Зи пой то ба сарам гулфишонӣ мехоҳам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

МАДҲИЯИ ДИЛ

👁 19

Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат бод! Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё,

👁 21

Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ, Ба поинҳо аз он боло – ману

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Даромезам дигар бо қиссаю афсонаи дарё,

👁 11

Даромезам дигар бо қиссаю афсонаи дарё, Ки бошам бо паримоҳӣ1 шабе дар хонаи дарё. Парии ишқи ман мисли паримоҳӣ ба дарё рафт,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шудам пазмонат, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам,

👁 17

Шудам пазмонат, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам, Варзоб, Биё, ҷоме ба ҳам гирем, пеш о дар барам, Варзоб.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шудам маҳруми дидорат, падарҷонам,

👁 24

Шудам маҳруми дидорат, падарҷонам, падарҷонам,1 Дареғи рӯҳи бедорат, падарҷонам, падарҷонам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Агар гӯянд, махзан гир, ман махзан намегирам,

👁 19

Агар гӯянд, махзан гир, ман махзан намегирам, Ки лак-лак ганҷи махзанро ба як арзан намегирам. Маро гӯянд, ахтар гир аз боми фалак бе дӯст,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 251 аз 1002