Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа,
Оҳ, эй кони дасиса, оҳ, эй дунёи песа,
Бо дуруштиҳот чун созам ба ин табъи нафиса?
Ҳар касеро баҳри коре офаридӣ, хуб кардӣ,
Чашми ин бар чашми коса, чашми он
бар чашми киса.
Фикри ҳар касро ба қадри ҳиммати ӯ офаридӣ,
Ин занак – лолою ғоза, он занак ёди набеса.
Як нависанда наёбӣ фахри миллат, лек ҳар ҷо
Ҷои як румоннавис ёбӣ дусад буҳтоннависа.
Медавонӣ чор сӯ ҳар махлуқеро чорнаъла:
Баччагон аз баҳри лизак, гӯсфанд аз баҳри леса.
Меравад ҳар кас ба раҳ бо мошини худ,
лек ҳар дам
Бӯй гирад аз даҳонаш раҳ ба раҳ
чандин милиса.