Ҳамраҳи айём будам, аз раҳи айём рафтам,
Ҳамраҳи айём будам, аз раҳи айём рафтам,
Дар талоши ном будам, оқибат гумном рафтам.
Дар миёни ҳарбу зарби мадду ҷазри зиндагонӣ
Мавҷи беором будам, хомушу ором рафтам.
Косагул будам басо дар базми васли гулрухоне,
Комгори ишқ будам, хастаю ноком рафтам.
Ҷомҳое бас тиҳӣ кардам, ки чашмам
пур бигардад,
Косаи чашмам тиҳию худ тиҳӣ чун ҷом рафтам.
Гуфтугӯи зиндагонӣ, ҷустуҷӯи бехазонӣ,
Аз сарам бигзашт чандоне, ки бепайғом рафтам.
Орзуи безаволӣ чун кафи дастони холӣ,
Бар дилам зад ончунон, то пеш аз анҷом рафтам.
Дар ҳама гармию сардӣ, байни номардию
мардӣ,
Сӯхтам як умр, аммо рӯзи охир хом рафтам.