Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
УШШОҚИ ИСФАРА
Дар боғҳои хуррами ҷаннатнишони Исфара, Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара. Ширинтар аз шаҳду шакар бахшад ба кас
Чунин ки гашта макони ман ошёни камон,
Чунин ки гашта макони ман ошёни камон, Диҳӣ салом, алайкат диҳад даҳони камон. Забони давлатӣ айдун забони модар нест, Забон забони камону баён баёни камон.
Ман зинда берун омадам аз гӯрҳо, аз гӯрҳо,
Ман зинда берун омадам аз гӯрҳо, аз гӯрҳо, Наздики ёрон омадам аз дурҳо, аз дурҳо. Оғӯши қисмат боз шуд, сад хони неъмат соз шуд,
Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ,
Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ, Нақди дилу ҷон дар бағал шод омадӣ, шод омадӣ. Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта,
Ман ин ҷо хирмани гул гӯр кардам,
Ман ин ҷо хирмани гул гӯр кардам, Яке марғулакокул гӯр кардам. Фиғоно аз димоғи хушки дунё, Шамими мӯи сунбул гӯр кардам.
Куштаи бисёр додӣ, боз рӯҳат зинда аст.
Куштаи бисёр додӣ, боз рӯҳат зинда аст. Поя дар ин хок дорӣ, давлатат поянда аст. Гарчи аз домони кӯҳат рӯди хун ҷорӣ шуда, Қуллаи кӯҳат нишони қуллаи оянда аст
Шому саҳар ба сад фиғон фарёд мекашам,
Шому саҳар ба сад фиғон фарёд мекашам, Аз мағз-мағзи устухон фарёд мекашам. Байни замину осмон тоҷик хор шуд, З-ин остон ба осмон фарёд мекашам.
Фаввора мезанад хун аз дидагони модар,
Фаввора мезанад хун аз дидагони модар, Эй вои ҷони модар, эй вои ҷони модар. Баҳри нажоди миллат, баҳри наҷоти миллат Беному бенишон шуд ному нишони модар.
Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр. Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам, Бибарам дар нигаҳам аз ниг
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам, Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам. Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ, Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.
Иддаест каф бар лаб, кинатӯзу пархошӣ,
Иддаест каф бар лаб, кинатӯзу пархошӣ, Иддае малангу манг, нашъаманду хашхошӣ. Дастаест даъвогар, дастаест яғмогар, Дар замин занад оташ, гар ту донае пошӣ.
Эй уқоби парканда, миллати пароканда,
Эй уқоби парканда, миллати пароканда, Пеши ду ҷаҳон гаштӣ шармсору шарманда. Кӯчаҳои пургулро кардаӣ ҳама пурхун, Чеҳраҳои гулгунро кардаӣ ғамоганда.
Ҳусни дилҷӯят ҷамоли кӯҳсорон боду ҳаст,1
Ҳусни дилҷӯят ҷамоли кӯҳсорон боду ҳаст,1 Чашмасор аз акси рухсорат хурӯшон боду ҳаст. Мӯи мушкинат чу мегардад парешон аз насим, Обшор аз шари мӯи ту парешон б
Чи ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст,
Чи ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст, Насими шумнафас дар гузор хунин аст. Дарахт дасти дареғо ҳамезанад бар сар, Ҷавона ғамзадаю шохсор хунин аст.
Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо,
Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо, Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо. Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан, Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
Ин парастор, ки мегӯӣ ғами моро хурд,
Ин парастор, ки мегӯӣ ғами моро хурд, Ғами мо хурд? Ҳама бешу ками моро хурд. Баски номаш зи шикамборагӣ чизе ҳам дошт, Хурдае додаву нони шиками моро хурд.
Ин чӣ рӯзу чӣ рӯзгорон аст,
Ин чӣ рӯзу чӣ рӯзгорон аст, Ваҳму талвосаи ҳазорон аст. Дар назар ҷанг не, масофе не, Ҳар нафас бими тирборон аст.
Қароре нест азбас дар талотумхонаи дарё,
Қароре нест азбас дар талотумхонаи дарё, Биё, бинҳем лабро бар лаби паймонаи дарё. Чу бар афсонаи умри гурезон эътимоде нест, Биё, эй дил, даромезем бо афсонаи
ҒАЗАЛИ ШУКРУ СИПОС БА ЗОДГОҲАМ МАЗОРИ ШАРИФ ВА ҲАМДИЁРОНАМ
Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман, Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман. Пас аз домони модар доманат домони умрам буд,
Эй миллати хобида, бистезу талоше кун!
Эй миллати хобида, бистезу талоше кун! Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун! Эй оҳи гиреҳхурда дар ҳанҷараи таърих, Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун!
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё,
Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё, Аз хеш наёсояд кулфатзадаи дунё. Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад Ин колбади хушки нафриншудаи дунё.
Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс,
Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс, Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсӯс. Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам, Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам, афсӯс.
Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ
Дар навбаҳори хуррамӣ, дар тирамоҳи пурғамӣ Одам бувад оҳу даме, ҳайфу дареғи одамӣ. Дунёи макру фанди мо, дилхораву дилбанди мо: Пур меканад пайванди мо, ҳайфу
РЕШАИ МАН, АСЛИ МАН
Решаи ман, маншаи аҷдоди ман, Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман. Ҷони мо чун риштаи дубофтаст, Бофти ман, тору пуди ёди ман.
Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ,
Кори Шӯро ҳама шӯр аст, худат медонӣ, Зиндагӣ зиндабагӯр аст, худат медонӣ. Хандаи бахт агар хоста бошӣ зи қазо, Хандаҳои лаби гӯр аст, худат медонӣ.

