Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ин ҷо хирмани гул гӯр кардам,

Ман ин ҷо хирмани гул гӯр кардам, Яке марғулакокул гӯр кардам. Фиғоно аз димоғи хушки дунё, Шамими мӯи сунбул гӯр кардам. Гуле бинҳода андар синаи гил, Ҳазорон оҳи булбул гӯр кардам. Нагӯӣ пуштаи хушкест ин ҷо, Ҷавонию таҷаммул гӯр кардам. Ҳама уммедҳо бар бод додам, Ҳама сабру таҳаммул гӯр кардам. Чи ғофилмарг шуд ишқи ҷавонӣ, Ҷаҳоне аз тағофул гӯр кардам.