Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

РЕШАИ МАН, АСЛИ МАН

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман, Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман. Ҷони мо чун риштаи дубофтаст, Бофти ман, тору пуди ёди ман. Гар набошӣ, синаи мо медарад Душмани имони ман – ҷаллоди ман. Чанд ғофил мондӣ аз дарди дилам, Як туӣ имрӯз ҳамфарёди ман. Баъди Сомонӣ маро сомон намонд, Бод бар каф шуд ҳунарободи ман. Аз Варорӯд ин ҳама ғофил мабош, Дасти Рустам ёз бар имдоди ман. Нури ҷоми Ҷам бияфкан бар дилам, Шодмон кун ин дили ношоди ман. Ҳар дари ту масдари лафзи дарист, Мактаби ман, мазҳаби ман, доди ман. Мо ҳама ҷамъи парешони туем, Эй ту ҳам сарводаву сарводи ман. Ман агар раҳгум задам дар роҳи худ, Шодбахтам, ки туӣ иршоди ман. Худ ту битвонӣ гиромӣ доштан Яшти ман, Зардушти ман, иншоди ман. Оташи Зардушт дар чашмони туст, Оташи ишқи нахустэҷоди ман. То ба даргоҳи абад хоҳад расид «Маснавӣ»-ю «Шоҳнома»-зоди ман. Мерасад бар чарх аз гулдастаҳот Оҳи ман, афғони ман, фарёди ман. Боди шурта гар набуд аз сӯи ту, Эй дареғ аз кӯшиши барбоди ман. Хомии моро ту хоҳӣ пухта кард, Кӯраи ман, Коваи ҳаддоди ман. Зимни номи ту ба фардо мебарад Тӯшаи таърихро авлоди ман. Дар ту мебинам камоли оли хеш, Эй зи салсоли азал ҳамзоди ман. Дар ту мепечам чу гул бар буттае, Хонаи имони ман, меоди ман!