Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2614

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1736

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1468

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1398

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1155

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1057

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1044

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 847

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 837

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 798

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 752

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 738

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 735

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 708

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 698

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 673

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 642

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Найнома

👁 638

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 634

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 631

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 618

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 600

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 592

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 590

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 565

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,

👁 28

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам, Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам. Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд, Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шикан

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ку диле то бибарам пеши дилогоҳи дигар?

👁 16

Ку диле то бибарам пеши дилогоҳи дигар? Ё гузорам ба кафи дилбари дилхоҳи дигар? Нест он сар, ки нисори қадами ёр кунам, Нест пое, ки бароям сари шаҳроҳи дигар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро,

👁 28

Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро. Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае, Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст,

👁 22

Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст, Як нигоҳи вопасин бар осмонам мондааст. Бар камони қадди худ мебинаму хун мехурам, Тирҳо рафтанд, дуде аз камонам мондаа

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ,

👁 29

Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ, Он, ки ман хоста будам зи ҷаҳон, они манӣ. Дар миёни ҳама ин талхиву шӯрии ҷаҳон Намаки умри манӣ, шираи армони манӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба як хаси ҷаҳони ту ҷаҳони мо намерасад,

👁 14

Ба як хаси ҷаҳони ту ҷаҳони мо намерасад, Ба оҳи талхи ҷони ту фиғони мо намерасад. Замона дар замонаҳо ту бастӣ дар таронаҳо, Ба қадри ним ҳарфи ту замони мо н

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй бознишастагони миллат,

👁 29

Эй бознишастагони миллат, Эй болшикастагони миллат, Пайвандгарони дӯшу фардо, Азхешгусастагони миллат;

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман аз диёри шумоям, ман аз диёри шумо,

👁 30

Ман аз диёри шумоям, ман аз диёри шумо, Ман аз канори шумоям, ман аз канори шумо. Нахурдаам қадаҳе аз шароби «Марғедар», Агарчи ном барандам шаробхори шумо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз ин замони ғарқаи хун дилшикастаам,

👁 17

Аз ин замони ғарқаи хун дилшикастаам, З-ин бошу буди хору забун дилшикастаам. З-ин рӯзгори бадтар аз тоун умед нест, Аз барги кам, зи марги фузун дилшикастаам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд,

👁 20

Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд, Фиғон аз ин ҷаҳон гуфтанду рафтанд. Ҳама ваҳшат, ки худшон офариданд, Зи дасти осиён гуфтанду рафтанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар диёри ман, ки ғоратдида аст,

👁 15

Дар диёри ман, ки ғоратдида аст, Чашми мардум аз камон тарсидааст. Аз бари домони фардои сафед Дасти уммеди ҳама бибридааст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода,

👁 22

Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода, Зи неши сарзаниши тӯдае зинозода. Бинӯш бода, ки чашми ҳасуд гардад кӯр, Бимирад аз ғами ночорию зи ғамбода.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй,

👁 39

Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй, Зорам ба гарди доманат, ман меравам нагӯй. Барбод рафт хирмани дорунадори ман, Мирам ба мӯи хирманат, ман меравам наг

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо?

👁 43

Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо? Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо? Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ, Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Беэътиқодӣ як тараф, беиттиҳодӣ як тараф,

👁 14

Беэътиқодӣ як тараф, беиттиҳодӣ як тараф, Беиҷтиҳодӣ як тараф, беэътимодӣ як тараф, Як шаҳр пур аз ҳоюҳу, тӯфон дамид аз чор сӯ, Муште мунодӣ як тараф, муште ҷи

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Он лаъли дилхунро бигӯ,

👁 15

Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт, Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад,

👁 13

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад, То азоби ману шумо гузарад? Ё Баҳоваддини балогардон, Ҳеҷ донӣ, ба мо чиҳо гузарад?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд,

👁 30

Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд, Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд. Нахле насабзонидаву карданд моро решакан, Бидрида тору пудамон, пайвандам

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Офарин ҳамқаламон, ҳамқадамон, ҳамқадаҳон,

👁 12

Офарин ҳамқаламон, ҳамқадамон, ҳамқадаҳон, Бо ҳама теғи забон, теғи қалам бесилаҳон. Офарин номварон дар бари ин комварон, Офарин симу зарон дар бари ин хокираҳ

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,

👁 32

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун, Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун. Гар раҳи анбор пӯяд ё раҳи бозору пул, Роҳи истиқболи миллатро напӯяд, фах

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То дар ин кӯҳу камар эмин зи аъдо мондаӣ,

👁 22

То дар ин кӯҳу камар эмин зи аъдо мондаӣ, Дар дили сад дашту саҳро дасту сарҳо мондаӣ. Бемадина, бесафина, бехазина, бенасиб, Кӯ ба кӯю дар ба дар дарвешосо мон

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Худойгоно, худойгоно, зи одамият

👁 16

Худойгоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно? Чаро ба гӯшам зи ҳар забоно расад ғирево, расад фиғоно?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният

👁 15

Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният хуш бигзарад, Эй хуни қурбони сухан, қурбоният хуш бигзарад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,

👁 21

Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо, Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо. Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада, Бар сарнавишти бад гарданниҳодаҳо.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Тоҷики гарданкашу лашкаршикан,

👁 21

Тоҷики гарданкашу лашкаршикан, Бештаре найзавару теғзан... Хусрави Деҳлавӣ «Тоҷики гарданкашу лашкаршикан...»

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 246 аз 1002