Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй бознишастагони миллат,

Эй бознишастагони миллат, Эй болшикастагони миллат, Пайвандгарони дӯшу фардо, Азхешгусастагони миллат; Аз тарфи ҷаҳону зиндагонӣ, Эй тарфнабастагони миллат; Гоҳе таҳи бору гаҳ таҳи ор, Эй шалпару хастагони миллат; Эй ҳастаи мо ба саҳни ҳастӣ, Эй ҷумлаи хастагони миллат; Гардида раҳо зи дарди мансаб, Аз сакта нарастагони миллат; Ҳарчанд залилу хор гаштед, Будед парастагони миллат; Пирони муроди навҷавонон, Покону хуҷастагони миллат; Бифристаматон дуруд, зеро Будед фиристагони миллат!