Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Биёву ин шаби дайҷурро тамошо кун,
Биёву ин шаби дайҷурро тамошо кун, Фарохии даҳани гӯрро тамошо кун. Бубин ки аҳли ватан дар ватан намегунҷад, Куҷоӣ? Қисмати манфурро тамошо кун.
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо,
Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо, Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо, Эй камшумораҳо дар осмони ақл, Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо,
Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид?
Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид? Камоли умр гузашту заволи умр расид! Биёр ҷоми булӯрин, ки дурди ашки мост, Булӯри умр гузашту сафоли умр расид.
Бас андарзи зардуштиву монавӣ
Бас андарзи зардуштиву монавӣ Бихондему бар н-омад аз мо навӣ. Бихондем фарзонагии Куруш, Бихондем бас номаи паҳлавӣ.
Як саҳар сафар кардам,
Як саҳар сафар кардам, Зиндагонӣ сар кардам. Чашмбаста бар дунё Як назар назар кардам.
Аз саманди замон пиёда шудам,
Аз саманди замон пиёда шудам, Пиру афгору уфтода1 шудам. Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман,
Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст,
Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст, Бигузар зи раҳгузорам, ки гузашти ман яқин аст. Чу ба остонат оям, ба ман остин маяфшон, Ки ҳар остонаи мо аҷали дар
Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем,
Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрӯзем, Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмӯзем. Биё, бо ҳам биёғозем, то бе ҳам наанҷомем, Биё, бо ҳам бинозему биё дар сӯги ҳа
Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу
Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагӯям. Кӣ шикаст муҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям. Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо?
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд,
Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд, Дар коми гӯр рафтаму комам раво нашуд. Бо бенаво навон шудам, то бахшамаш наво, Рӯзе, ки ман навон шудам, як ҳамнаво на
Раҳми парвардигори мо омад,
Раҳми парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад.
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Имоми ду тарафро мекунам табрик, Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик! Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост, Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Эй фулон ибни фулон, тоҷи сарам бишкастӣ,
Эй фулон ибни фулон, тоҷи сарам бишкастӣ, Ҷоми май хурдиву сад ҷоми зарам бишкастӣ. Нӯки минқори ману лонаат аз чӯбу хасе, Чӯҷаи ман будиву шоҳпарам бишкастӣ.
Аз дасти як бенохуне дар даштҳо хирман
Аз дасти як бенохуне дар даштҳо хирман намонд, Аз нафси наҳси раҳзане норуфта як махзан намонд.
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт, Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт. Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зуд Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, б
Дар суҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам,
Дар суҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам, Ин лаҳза, ки ман мастам, дарёб, ки ман ҳастам. Эй ёри биҳиштоғӯш, ин лаҳза муборак бод, Дар доми ту афтодам, аз доми
Манам шайдои гуфтори Саноӣ,
Манам шайдои гуфтори Саноӣ, Намоз орам ба атвори Саноӣ. Кулоҳи чархи гардун печиши нав Гирифт аз печи дастори Саноӣ.
Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо,
Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо, Аз ваъда пур толорҳо, холӣ ҳама анборҳо. Пур шуд агар сад кисае, холист милйун косае, Хории миллатро бубин дар кӯчаву
Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат!
Ту мондиву ғами ёрат, худо ёрат, худо ёрат! Ба ҷуз ғам нест ғамхорат, худо ёрат, худо ёрат! Ягона меҳрубонат рафт, яъне ҷони ҷонат рафт, Ту мондиву дили зорат,
Гар ману ту мо набошем1
Гар ману ту мо набошем1 , аз тую аз ман чӣ суд? Баҳмани2 миллат набошад, шӯриши Баҳман3
Аё бузургу фанонопазир, эй модар!
Аё бузургу фанонопазир, эй модар! Аё бузургпадар, асли тору пуди писар! Чи бозтоби шигифте, ки номи тифлатро Ба ифтихори ситамгар гузорӣ Искандар?
Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат!
Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат! Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат! Эй паршикастаи ман, мисли уқоб бигзашт Ҳамболу ҳампари1
Охир аз дунёи холӣ бигзарам,
Охир аз дунёи холӣ бигзарам, Аз хилоли безаволӣ бигзарам. Сар ба гардун суда, сӯи хоки паст Бо ҳама армони олӣ бигзарам.
Бар мо чӣ рафт аз замон, эй хок бар сарам,
Бар мо чӣ рафт аз замон, эй хок бар сарам, Аз тиру таркашу камон, эй хок бар сарам. Бегона сӯхт хонаро, хокистари варо Барбод дод хешамон, эй хок бар сарам.
Дили худро замоне дида будам дар канори дил,
Дили худро замоне дида будам дар канори дил, Кунун мебинамаш ҳар лаҳза дар чанги фишори дил. Замоне дар фарози қуллаҳо шоҳиншикоре буд,

